Аз рӯди Душанбе боз як ҷасад пайдо карданд: ин бор духтари 22-сола

Пас аз ҷустуҷӯҳои панҷрӯза мақомот ҷасади ҷавондухтаре аз пойтахтро аз об пайдо карданд. Гуфта мешавад, дар бадани духтар аломатҳои марги маҷбурӣ ёфт нашуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дар рӯдхонаи Душанбе ҷасади боз як ҷавондухтари пойтахт пайдо шудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.
Ба иттилои манбаъ, ҷасад санаи 1-уми июни соли 2022, тақрибан соати 16:00 аз соҳили дарёи воқеъ дар кӯчаи Ҳ. Шерозӣ, наздикии Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" ёфт шудааст.
Ин ниҳод мегӯяд, дар ҷасад аломатҳои марги маҷбурӣ ёфта нашуд.

"Зимни санҷиш муайян гардид, ки ҷасади ёфташуда шаҳрванд Ғаффорова Шаҳноза Маҳмадшоевна, соли таваллудаш 05.08.2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Зарафшон мебошад", - афзуд манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, номбурда санаи 26-уми майи соли ҷорӣ аз беэҳтиётӣ ба дарёи Варзоб ғарқ шуда, то дарёфти ҷасадаш аз ҷониби кормандони милитсия ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт.
Ёдовар мешавем, ки ахиран мақомот дар ин дарё ҷасади марди ношиносеро пайдо карданд
Дар рӯди Душанбе ҷасади марди номаълум пайдо шуд
Гуфта мешавад, ҷасад дар шафати Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Умари Хаём намудор шудааст.
Манбаъ меафзояд, марди ғарқшуда тахминан 45-50-сола буда, феълан ҳувияти ӯ номаълум аст.
Зикр гардид, ки феълан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муайян кардани шахсияти фавтида ва сабабҳои маргаш тафтишот оғоз карданд.