Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Зеленский гуфт, Украина ҳар рӯз чанд сарбозашро талаф медиҳад

Амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина идома дорад. Ин кишвар аллакай вилояти Херсон ва як қисми вилоятҳои Запорожеро аз нерӯҳои мусаллаҳи Украина озод кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Украина ҳамарӯза теъдоди зиёди сарбозонашро аз даст медиҳад. Дар ин бора Владимир Зеленский, президенти ин кишвар ба шабакаи телевизионии "Newsmax" хабар додааст.
Вай қайд кард, ки ҳоло мушкилтарин вазъ дар шарқи Украина ба вуҷуд омадааст.

"Вазъият хеле душвор аст, мо дар як рӯз 60-100 сарбозро аз даст медиҳем ва тақрибан 500 нафар маҷруҳ мешаванд", - афзуд Зеленский.

Оғози амалиёти вижа дар Донбасс аз сӯйи раисҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 24 феврал, чанд рӯз баъд аз эътирофи истиқлоли ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луҳанск эълом шуд.
Сарвари давлати Русия аҳдофи амалиёти вижаро "ҳимояи мардуме номид, ки ҳашт сол боз зери наслкушӣ аз сӯйи режими Киев қарор гирифтаанд". Вазорати дифои Русия итминон дод, ки онҳо танҳо ба объектҳои инфрасохтори низомии Украина ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд.
"Солнсепек"-и Русия ба Украина омад - видео
Артиши Русия то кунун тавонист тамоми вилояти Херсон ва як қисми Запорожеро озод ва таҳти назорати худ бигирад. Киев ҳангоми кӯшиши ворид шудан ба вилояти Херсон 20 техника ва 200 сарбози худро аз даст дод.
Тибқи ҳисобҳои Вазорати дифои Русия, аз оғози амалиёти вижаи низомӣ 184 ҳавопаймои қувваҳои мусаллаҳи Украина, 128 чархбол, 1070 ҳавопаймои бесарнишин, 325 системаи дифои ҳавоӣ, 3342 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ ва инчунин 3311 адад техникаи махсус нобуд карда шуд.