Песков дар бораи интиқоли силоҳ аз Амрико ба Киев гуфт

Ба бовари сухангӯи президенти Федератсияи Русия, интиқоли силоҳ аз Амрико ба Украина ба азсаргирии музокирот бо Киев мусоидат намекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Сухангӯи раисҷумҳури Русия интиқоли силоҳи ИМА ба Украина хоҳиши ин кишварро барои азсаргирии мусозирот бо Русия ба вуҷуд намеорад, мегӯяд сухангӯи кишвардори Русия Дмитрий Песков.
Бояд гуфт, як рӯз пеш сухангӯи Кохи сафед изҳор карда буд, ки Иёлоти Муттаҳида Украинаро дар зарба задан ба Русия ташвиқ намекунад ва даъват намудааст, ки дар ин кор аз силоҳҳои ирсолнамудаи Амрико, бахусус HIMARS истифода накунанд.
Дар ҳамин ҳол Иёлоти Муттаҳида нақша дорад, ки ба Киев системаҳои мушакии чандкаратаи HIMARS -ро дар доираи бастаи нави кумаки низомӣ таъмин кунад. Ин система метавонад ҳадафро дар масофаи 80 киломтер нобуд кунад.

"Мо аллакай гуфта будем, ки дар ин ҷо ҳеҷ чизи наве нест. Мо бовар дорем, ки Иёлоти Муттаҳида ҳадафмандона ва боғайратона ба оташ рӯған мерезад. Иёлоти Муттаҳида мехоҳад то охирин украинӣ ин низоъро ҳифз кунад", - тавзеҳ додааст Песков.

Ба бовари Песков, Амрико бо ирсол намудани кумакҳои навбатии низомӣ хоҳиши аз сар гирифтани музокироти Украина бо Русияро хомӯш мекунад.
Байден ҳадафи Амрико дар низои Украинаро номид
Ӯ гуфт, Русия ба ин кор бо назари манфӣ менигарад.
Қаблан Ҷо Байден ҳадафи Амрико дар низои Укараинаро шарҳ дода буд. Ӯ гуфта буд, ИМА ва муттаҳидонаш то "дучори ҳамла нашудан" мустақиман дар низоъ миёни Русия ва Украина ширкат нахоҳанд кард.