Бошқирдистон хоҳони хариди бештари меваю сабзавоти Тоҷикистон аст

Ҳайати соҳибкорону мақомдорони давлатӣ аз Бошқирдистон дар Тоҷикистон қарор доранд, то ҳамкориро дар бахши кишоварзӣ таҳким бахшанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Саъдӣ Каримзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон бо ҳамтои бошқирдистонияш Илшат Фазраҳмонов густариши ҳамкориро баррасӣ кардаанд.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Каримзода сафари ҳайати Бошқирдистонро саривақтӣ хонда афзуд, ки феълан мавсими пухта расидани маҳсулоту зироати кишоварзӣ оғоз ёфтааст.
Вазири тоҷик таъкид намуд, ки барои таҳвили сари вақти маҳсулот ба истеъмолкунандагон ва махсусан содироти он аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.
"Русия барои Тоҷикистон шарики муҳими стратегӣ буда, мо хоҳони таҳким ва густариши робитаҳо дар соҳаи кишоварзӣ мебошем", - гуфт Каримзода.
Дар навбати худ Фазраҳмонов аз имконияти зиёди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон тавсиф кардааст, ки барои гирифтани ҳосили такрорӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, таъсиси хоҷагиҳои чорводорӣ ва парандапарварӣ мусоид аст.
Вай ҳавасмандияшро барои интиқоли меваю сабзавоти Тоҷикистон баён кардааст. Ӯ ҳамчунин аз додугирифти миёни Бошқирдистону Тоҷикистон зикр намуда, изҳор доштааст, ки ба ҶТ рӯғани офтобпараст, шакар, нон ва маҳсулоти қаннодӣ содир мекунад.
Кишти гандуми Русия дар Суғд: Аҳмадзода роҳи даромадгирии бештари деҳқононро гуфт
Дар идома ҳайати меҳмонон аз боғи анор дар Норак, хоҷагии деҳқонии "Хоросон", маҷмуаи нассоҷии "Ҷунтай Данғара" ва корхонаи парандапарварӣ дидан намудаанд.
Ҷониби Бошқирдистон таъкид намудааст, ки инчунин мулоқоти ҳайат бо роҳбарияти Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон дар назар аст.
Ҳадафи ин сафар, ки феълан идома дорад, роҳандозии ҳамкорӣ миёни ду ҷониб арзёбӣ шудааст.