Стремусов гуфт, вилояти Херсон субъекти комилҳуқуқи Русия мешавад

Муовини раиси вилояти Херсон мегӯяд, дар сурати ҷорӣ кардани ҳамапурсӣ барои воридшавӣ ба Русия ҳадди ақал 60-70% сокинон аз он ҷонибдорӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Вилояти Херсон баназдикӣ як субъекти комилҳуқуқи Русия мегардад, гуфт Кирилл Стремусов муовини раиси маъмурияти вилоят ба РИА "Новости".
"Ман шахсан вилояти Херсонро на ҷумҳурӣ, балки як вилоят дар дохили Федератсияи Русия мебинам. Ин аз замон вобаста хоҳад буд ва воқеан, кай мо дар он ҷо хоҳем буд, ин суол ба сокинони вилояти Херсон вобаста аст", - гуфт ӯ.
Стремусов ҳамчунин афзуд, тибқи ҳисобҳои ӯ, 60-70 дарсади аҳолии минтақа барои пайвастан ба Русия раъй хоҳанд дод.
"Мо ниҳоят як қаламрави комилҳуқуқе хоҳем шуд, ки моликияти давлат хоҳад буд, на ба баъзе сокиноне, ки замини моро пора-пора мефурӯшанд, дубора мефурӯшанд ва моро ғулом мешуморанд", - таъкид кард мансабдор.
Дар ҷараёни амалиёти вижа артиши Русия вилояти Херсон ва қисмати Азови вилояти Запороже дар ҷануби Украинаро таҳти назорат гирифт. Дар вилоятҳо маъмурияти низомию шаҳрвандии вилоятӣ ташкил карда шуданд, телевизион ва радиоҳои Русия ба пахши барномаҳо шуруъ карданд, робитаҳои тиҷоратӣ бо Қрим барқарор мешаванд.
Ҳамзамон сарҳадоти қаламрави вилоят бо манотиқи таҳти назорати Киев баста шуда, низоми мухобиротӣ пурра аз ҷониби Русия таъмин мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомиро барои безарарсозии Украина оғоз кард.
Вилоятҳои Херсон ва Запороже ба алоқа ва интернети Русия гузаштанд
Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки 8 сол боз таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Ба гуфтаи вазорати дифоъ, то охири моҳи март артиши Русия вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом дод - он зарфияти ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод. Ҳадафи асосӣ дар ин ниҳод озодкунии Донбасс номида шуд.