"В2В": Соҳибкорони тоҷик дар Ӯзбекистон роҳҳои ҳамкориро баррасӣ карданд

Тошканд мизбони 5-умин нишасти Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ҳамчунин музокироти "В2В" миёни соҳибкорони ду кишвар гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Нишасти Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Тошканд бо иштироки 400 намояндаи доираҳои тиҷоратии кишвари мизбон ва 150 намояндаи ҳайати меҳмонон баргузор шуд.
Дар ин бора ҳукумати Ӯзбекистон бо нашри як иттилоия хабар дода, афзуд, ки дар чорабинӣ муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон Ислом Ҷасимов ва муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова иштирок доштанд.
Таъкид шудааст, ки ба ҳайати Тоҷикистон соҳибкорони корхонаҳои пешқадам шомил буда, ба ҳамкориҳои дарозмуддат бо корхонаҳои Ӯзбекистон таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.
"Ҳадафи аслии мулоқот баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи фароҳам овардани имконоти иловагӣ барои соҳибкорон буд", - омадааст дар иттилоия.
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз рушди минбаъдаи равобити тиҷоративу иқтисодӣ, тавсеаи интиқоли маҳсулоти муосири саноатӣ ба бозорҳои ду кишвар ва ҳамкориҳои сармоягузорӣ тавассути тарҳу барномаҳои мутақобилан судманд ҷонибдорияшонро баён доштаанд.
Инчунин соҳибкорон маҳсулот ва хидматҳои худро ба шарикон муаррифӣ намуда, дар бораи афзалиятҳои ҳамкорӣ табодули афкор намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон меравад
Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон Ислом Ҷасимов таъкид намудаст, ки Душанбе ва Тошканд на танҳо дар тавсеаи равобити дуҷониба, балки дар таъмини некӯаҳволӣ ва рушди устувори тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ манфиатҳои мутақобила доранд.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки баргузории чорабиниҳои муштарак барои таҳкими робитаҳои соҳибкорӣ, ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ шароит фароҳам меорад.
Ба иттилои ҳукумати Ӯзбекистон дар дар пайи ҳамоиш як қатор созишномаҳо миёни соҳибкорони тоҷику ӯзбек ба имзо расиданд.