Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Русия дар ҷараёни амалиёти вижа беш аз 3,3 ҳазор танки украиниро нобуд кард

Вазорати дифои Русия хабар медиҳад, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия аз оғози амалиёт то кунун беш аз се ҳазор танки украиниро нобуд кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Дар ҷараёни амалиёти вижа дар Украина артиши Русия аллакай беш аз 3300 танки украинӣ ва қариб 1100 ҳавопаймои бесарнишинро нобуд кардааст.
Дар ин бора генерал-майор Игор Конашенков, сухангӯи Вазорати дифои Русия хабар дод.
"Дар маҷмуъ аз оғози амалиёти вижаи ҳарбӣ 184 ҳавопаймо, 128 чархбол, 1070 ҳавопаймои бесарнишин, 325 системаи зиддимушакии зиддиҳавоӣ, 3342 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 454 адад ракетабаранда, 1738 адад артиллерияи саҳроӣ ва миномёт, инчунин 3311 адад мошинҳои махсуси ҳарбӣ нобуд карда шуданд", - гуфт Конашенков дар брифинг.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Шойгу гуфт, вазифаҳои асосии амалиёти вижа иҷро шуд
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Даври чаҳоруми музокироти ҷонибҳои Русия ва Украина дар Туркия баргузор шуд.
Шойгу аз даъвати баҳорӣ гуфт: Наваскарон ба маконҳои даргирӣ фиристода намешаванд - видео
Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Белорус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Ба гуфтаи роҳбари ҳайати Русия, ёвари президент Владимир Мединский, ин музокира созанда буд. Вай таъкид кард, ки Русия пешниҳодҳоро аз Украина барои баррасӣ гирифтааст.
Ахиран президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон омодагии худро барои ташкили музокироти навбатии тарафҳо изҳор дошт.