Сабти сардтарин моҳи майи аср дар Маскав

Моҳи майи соли равон, ки дар ҳоли анҷомёбист, хунуктарин дар зиёда аз ду даҳсолаи охир шуд, хабар дод пойгоҳи хабарии ҳавошиносии Русия
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Моҳи равон дар Маскав сардтарин дар асри 21 шуд, иттилоъ дод пойгоҳи "Метеовести".
"Аллакай метавон қотеъона қайд кард, ки майи 2022 сардтарин дар асри 21 шуд. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар ин моҳ +10,6 дараҷаро ташкил дод", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ҳарорати миёнаи майи соли равон дар қиёс бо сардтарин моҳи майи аср, ки соли 2017 ба қайд гирифта шуда буд, 0,3 дараҷа хунуктар аст.
Инчунин зикр шудааст, ки моҳи равон аз охирин моҳи майи асри 20 низ сардтар шуд. Охирин моҳи фасли баҳори соли 2000-ум ҳарорати миёнаи ҳаво 10,8 дараҷаро ташкил дода буд.
"Аммо моҳи майи соли 1999 аз моҳи ҷорӣ низ сардтар шуда буд. Он замон ҳарорати миёнаи ҳаво дар Маскав ҳатто аз 9 дараҷа ҳам поинтар шуд", - изҳор доштанд ҳавошиносон.
Дар мавриди моҳи равон илова гардид, ки сардтарин рӯз 1 май буда, ки ҳарорати ҳаво он рӯз то -1,7 дараҷа поин рафт. Гармтарин рӯзи моҳи майи соли равон 12 май ба қайд гирифта шуд, ки ҳарорат то 22,1 дараҷа гарм шуда буд.
Май на танҳо барои сокинону меҳмонони Маскав сард омад. Дар Тоҷикистон дар ин моҳ ҳаво тағйирёбанда шуда, бархе рӯзҳо боронҳои шадиду раъду барқ ва дар шарқи ҷумҳурӣ ҳатто барфрезӣ ба қайд гирифта шуда буд.
Таъсири боронҳои пуршиддати баҳорӣ ба ҳосили зардолузорҳо дар Ашт
Боришоти май боиси селфароӣ дар навоҳии шарқии Тоҷикистон гардиданд, ки дар натиҷа гектарҳо майдони кишвар зери лойу об монд. Ҳамчунин инфрасохтору хоҷагиҳои навоҳии дигар низ зиён диданд.
Аз охирин ҳолати селфароӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд хабар дода шуд, ки бар асари он 32 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинонро пур аз лоиқа намудааст.