Муҷозоти беш аз 800 падару модар дар Суғд барои бемасъулиятӣ нисбати фарзандон

Масъулони идораи ҳуқуқи кӯдак дар ҳукумати Суғд аз муҷозоти дастикам 846 падару модар хабар доданд, ки нисбати тарбияву таълими фарзанд беаҳамиятӣ зоҳир намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 май – Sputnik. Дар шимоли Тоҷикистон беш аз 800 падару модар барои саҳлангорӣ дар тарбияи фарзанд муҷозот шуданд.
Мадина Салимзода, мудири бахши ҳуқуқи кӯдак дар ҳукумати Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин шумор аз волидон дар пайи баррасиҳои судӣ ба маблағи беш аз 50 ҳазор сомонӣ муҷозот шудаанд.

"Баъзеҳо барои ба мактаб рафтани фарзандонашон монеъ шудаанд. Беназоратии беъзеи дигар сабаби оворагардӣ ва ё ба меҳнати ҷисмонӣ, аз ҷумла дар бозор ба аробакашӣ машғул шудани атфол гардидааст", - иброз намуд Салимзода.

Ин масъули ҳукумат гуфт, муҷозоти 846 падару модар омори семоҳаи соли ҷорӣ аст.
Бино ба гуфтаи ӯ, дар чор моҳи соли ҷорӣ дар умум нисбати 953 волид санад тартиб дода шуда, ба суд ирсол гардидааст.
Ин рақам дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ 121 ҳолат бештар мебошад.
Тоҷикистон соли 2011 Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дар соли 2015 Қонун “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак" -ро қабул намуд.
Бо мошин ба мактаб рафтӣ, модаратро ҷазо медиҳанд: қонуни нав дар Тоҷикистон
Масъулони идораи ҳуқуқи кӯдак қабули ин ду қонунро аз талошҳои давлат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар ҷомеа арзёбӣ мекунанд. Аммо баъзе аз волидон мегӯянд, дар шароити муҳоҷирашавии мардон ҳама кору бори рӯзғор умдатан бар души занон вогузор мешавад ва дар чунин вазъ худи кӯдакон барои кӯмак ба модарон даст ба корубори сангин мезананд.
Бино ба иттилои мудири бахши ҳуқуқи кӯдак, ҳоло дар вилояти Суғд 1 169 700 ҳазор кӯдаки то 18 сола ба сар мебаранд, ки ин шумор 40% -и аҳолии 2, 8-миллионнафарии шимоли кишварро ташкил медиҳад.
Аз ин шумор 451 нафар кӯдаки ятим, беш аз 20 ҳазор кӯдак нимаятим ва 8 ҳазор кӯдак маъюб будаанд. Ин шумор аз кӯдакон моҳе аз 200 то 400 сомонӣ нафақаи давлатӣ мегиранд.