Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Бозёфт дар "Азовстал" муфаттишонро ба ҳайрат овард: видеои шоҳидони айнӣ

Кормандони Кумитаи тафтишоти Русия паноҳгоҳеро, ки артиши Украина ба қароргоҳи худ табдил додааст, тафтиш карданд. Бозёфт дар ин макон онҳоро ҳайратзада кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Дар корхонаи "Азовстал" дар Мариупол қароргоҳи яке аз ширкатҳои ҷангҷӯёни украиниро пайдо карданд, ки тақрибан ду моҳ дар қаламрави ин корхона пинҳон шуда буданд.
Хабарнигори РИА "Новости" якҷо бо кормандони Кумитаи тафтишот аз бино дидан ва ҳамаро дар видео сабт кард.
Дар оғози видео маъмурони интизомӣ вориди қаламрави корхонаи харобшуда гардида, пас аз он вориди ҳамин қароргоҳ мешаванд.
Ин паноҳгоҳ дар ҳолати нисбатан хуб қарор дорад: деворҳои он вайрон нашудаанд, сутунҳо бетағйир монданд.
Дар "Азовстал" ҷангҷӯёни пинҳоншудаи украинӣ боздошт шуданд
Дар видео ҷойҳоеро, ки ҷангҷӯён хобидаанд, дидан мумкин аст. Дар девор тахтаи калон бо герб, байрақ ва эълонҳои Украина овехта шудааст.
Илова бар ин муфаттишон маводи кимиёии номаълум, аз ҷумла сӯзандоруи дорои моддаи ношаффофи сафеди пайдоишашон номаълумро пайдо карданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 20 май намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков аз озодии комили “Азовстал” дар Мариупол хабар дода буд.
Тақрибан як моҳ боз як гурӯҳи ҷангҷӯёни украинӣ дар ин корхона муҳосира шуда буданд. Аз 16 май инҷониб дар рафти амалиёт қариб 2,5 ҳазор нафар аз миллатгароёни украинӣ ва хизматчиёни ҳарбии қувваҳои мусаллаҳи Украина яроқу аслиҳаи худро гузошта, таслим шуданд.