Бразилия дар зери об: даҳҳо нафар дар обхезии даҳшатбор ба ҳалокат расиданд - видео

Бориши борон дар Бразилия беш аз 80 нафарро ба ҳалокат расонд. Ин кишвар имсол аз боришоти шадид, ки чанд рӯз идома мекунад, осеб мебинад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар манотиқи шимолии Бразилия боришоти тӯлонӣ ба обхезии шадид мубаддал шуд, ки боиси марги даҳҳо нафар гардид, хабар медиҳад шабакаи телевизионии "Globo".
Тибқи фарзияи муқаддамотӣ, то ин лаҳза шумори умумии қурбониёни пайомадҳои борон ба 84 нафар расидааст. Мақомоти кишвар ҷустуҷӯи 56 шаҳрванди дигарро идома медиҳанд, ки то ҳол бедарак шудаанд.
Видеоҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуданд, нишон медиҳанд, дар баъзе ҷойҳо обхезӣ ба дараҷае зиёд шуда, ки биноҳои истиқоматии умдатан дар теппаҳоро шуста бурдааст.
Ҳамин тариқ, ба гуфтаи ҳукумат, бар асари офати табиӣ зиёда аз 760 нафар ин қаламравҳоро тарк карданд. Мақомоти маҳаллӣ хисороти расида аз боронҳои тропикиро ҳисоб мекунанд, наҷотдиҳандагон ба мардум кумаки зарурӣ мерасонанд, марказҳои ҷойгиркунии муваққатӣ барои осебдидагон кушода шудаанд.
Боронҳои шадид дар шимолу шарқи Бразилия рӯзи 27 май шуруъ шудааст. Аёлатҳои Пернамбуко ва Алагоас шумораи бештари қурбониён ва фавтидагонро доштаанд.
Ёдовар мешавем, ки аз аввали соли 2022 ин аввалин обхезии шадид дар ин кишвар нест. Ҳамин тариқ дар моҳи январ дар Бразилия бар асари обхезӣ тақрибан 20 нафар ба ҳалокат расид.
Моҳи апрел дар иёлати Рио-де-Жанейрои Бразилия борони шадид борид ва дар моҳи феврал сел дар Петрополис 152 нафар, аз ҷумла 27 ноболиғро ба ҳалокат расонд.
Мақомот гуфтанд, ки ин борони шадидтарин аз соли 1932 ба ин сӯ аст ва ин фоҷиаро таърихӣ номиданд.