ВУД сабаб ва зарари сӯхтор дар бозори Хоруғро муайян кард

Сӯхтор дар бозори марказии шаҳри Хоруғро 10 адад мошини обпош, насосҳои ёрирасон ва 500 нафар аз кормандони сохторҳои қудратӣ хомӯш намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон сабаби сар задани сӯхтор дар бозори марказии шаҳри Хоруғро муайян намуд. Ҳамчунин ҳаҷми хисорот низ дақиқ шуд.
Бар хабари дафтари матбуоти ВУД, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар яке аз дӯконҳои хӯроки тезтайёр, сабаби сар задани оташсӯзӣ гардидааст.
Манбаъ меафзояд, дар натиҷаи сӯхтор яке аз биноҳои марказӣ дар ҳаҷми тахминан 500 метр мукааб, ки 48 мағозаро дарбар мегирад, аз оташ зарари ҷиддӣ дида, 14 мағозаи дигар қисман хароб гардиданд.
Вазорат мегӯяд, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, ҳаҷми зарари расида аз сӯхтор ба як миллион сомонӣ баробар аст.
Сӯхтор дар Хоруғ: Мирзонабот ҷаласаи фаврӣ баргузор кард
Гуфта мешавад, дар хомӯш кардани алангаи оташ, 10 мошини обпош аз ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ ҷалб карда шуданд. Илова бар, ин 500 корманди сохторҳои дахлдор бо насосҳои иловагӣ оташро хомӯш намуданд.
Хушбахтона, бар асари ин ҳодисаи нохуш талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Қаблан хабар додем, ки расиси вилоят Алишер Мирзонабот аллакай аз бозор дидан карда бо соҳибкороне, ки аз сӯхтор зарар дидан, суҳбат доир намуд.
ВУД Тоҷикистон меафзояд, вобаста ба ҳодисаи сӯхтор аз тарафи прокуратураи ВМКБ санҷишҳои пешакӣ оғоз шуда, чораҳои қонунӣ андешида мешавад.