Истиқболи Эмомалӣ Раҳмон дар Эрон: Меҳробиён ба пешвозаш омад

Ба хотири истиқболи президенти Тоҷикистон, майдони фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон бо шиорҳои таҷассумкунандаи дӯстии ду кишвар оро дода шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳри Тоҷикистон вориди шаҳри Теҳрон гардид, хабар медиҳад котиботи раисҷумҳур.
Бар хабари манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон роҳбари давлатро Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон, Алиакбар Меҳробиён ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Гуфта мешавад, ба хотири истиқболи кишвардори Тоҷикистон майдони фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон бо шиорҳои таҷассумкунандаи дӯстии ду кишвар оро дода шудаанд.
Сафари Раҳмон ба Эрон: киҳоро бо худ бурд
Маврид ба зикр аст, ки кишвардори Эрон, Иброҳим Раисӣ се маротиба унвонии ҳамтои тоҷики худ, Эмомалӣ Раҳмон даъватнома фиристода буд.
Ҳамин тариқ, рӯзи 29 май, Эмомалӣ Раҳмон дар раъси як ҳайати ҳукумати ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард.
Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Рустами Эмомалӣ ва Қоҳир Расулзода гусел карданд.
Интизор меравад, меҳмонии Эмомалӣ Раҳмон дар Эрон ду рӯз давом ёбад.