ДУШАНБЕ, 29 май - Sputnik. Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар пайи Маҷористон ба талаботи Маскав дар мавриди пардохти пули газ бо рубл розӣ шуда истодаанд, хабар дод Bloomberg.
Муаллифони матлаб дар ин расона таъкид кардаанд, ки изҳороти раҳбарони аврупоӣ дар бораи тарҳи "зарба"-и иқтисодӣ ба Русия ба далели амалиёти вижа дар Украина амалан танҳо гап аст.
Зикр шудааст, ки аз ин рӯ, эмбарго ба захираҳои энергетикии Федератсияи Русия то ҳол мувофиқа карда нашудааст.
"Таваҷҷӯҳи асосӣ ба худдории Маҷористон аз таҳримҳо буд, аммо кишварҳои дигар низ ба талабот дар мавриди газ бо рубл таслим шуданд", - омадааст дар мақола.
Илова бар ин, муаллифон ба ихтилофи қобили мулоҳиза миёни кишварҳои ғарбӣ ва шарқии Аврупо дар масъалаи интиқоли силоҳ ба Киев, муколама бо Маскав ва шартҳое, ки Украина бояд дар чаҳорчӯби созишномаи сулҳи оянда қабул кунад, ишора мекунанд.
Bloomberg қайд мекунад, ки кишварҳои ғарбӣ аз манъи хариди нафти Русия низ якдилона пуштибонӣ намекунад.
"Дипломатҳо ва мансабдорон бештар аз он нороҳат мешаванд, ки ИА эҳтимол дорад, имкони задани як зарбаи иқтисодӣ ба Русияро аз даст диҳад", - хулоса мекунанд рӯзноманигорон.
Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Русия, Владимир Путин рӯзи 23 март дар бораи гузариши пардохти ҳақи газ ба рубл бо ИА ва дигар давлатҳое, ки алайҳи ФР таҳрим ҷорӣ кардаанд, дастур дода буд. Фармони дахлдорро сарвари давлат рӯзи 31 март ба имзо расонд.
То ҳол ба далели саркашӣ аз иҷрои ин талабот, ширкати русии "Газпром" интиқоли маводи сӯхт ба Финландия, Лаҳистон ва Булғористонро қатъ кард.