ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Рӯзномаи бритониёии "The Times" матлаберо мунташир кардааст, ки дар он бар асоси изҳороти Украина Русияро ба бад шудани вазъи ғизо дар ҷаҳон муттаҳам кардааст, ки ин чиз боиси хашми хонандагон гардид.
Дар ин мавод иддао мешавад, ки Русия гӯё "муҳосираи дарёии Украинаро ташкил кардааст, то аз фурӯши гандум ба бозори ҷаҳонӣ ҷилавгирӣ кунад ва ба ин васила боиси бӯҳрони ғизоӣ шавад".
Мувофики хабари рӯзнома, дар анборхои Украина 20 миллион тонна галла "пӯсида истодаст".
Аммо хонандагони рӯзномаи мазкур ба айбномаҳои муаллиф розӣ нашуданд.
"Лутфан, росташро гӯед, маҳз Украина бандари Одессаро минакорӣ кардааст ва намегузорад, ки киштиҳои аллакай бо гандум пуршуда аз он берун раванд", - навиштааст Captain Nemo of the Nautilus.
Аксари хонандагон Киевро муттаҳам намуданд, ки ки ғалларо ҳамчун абзори сиёсӣ истифода мекунад.
"Бовар кунед, ғаллаи Украинаро бо роҳҳои заминӣ ва ё роҳи оҳон ба осонӣ бурдан мумкин аст, агар иродаи ҳаққии сиёсӣ мебуд", - навиштааст як хонандаи дигар.
Қаблан, намояндаи расмии Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ Томсон Пири гуфта буд, вазъ дар Украина метавонад боиси болоравии қимати маводи ғизоӣ ва гуруснагии ҷаҳон гардад.
Ӯ қайд кард, ки ҳавзаи баҳри Сиёҳ яке аз муҳимтарин минтақаҳои истеҳсоли ғалла ва маҳсулоти кишоварзӣ буда, ба Украина ва Русия 30% содироти гандум, 20% содироти ҷуворимакка ва 76% захираи офтобпараст рост меояд.
Вазорати корҳои хориҷии Русия таъкид кард, ки Маскав ба содироти ғаллаи Украина халал намерасонад, мушкилоти логистикӣ бо айби Киев ба вуҷуд омадааст, нирӯҳои он бандарҳои баҳрии худро минагузорӣ кардаанд.
Як корманди собиқи бандари баҳрии Одесса ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, Украина бо вуҷуди таҳдиди камбуди ғалла дар худи ин кишвар, бо фишори Иттиҳодияи Аврупо аз анборҳои бандари Одесса бо роҳҳои алтернативӣ захираи гандум содир мекунад.