Супориши Раҳмон барои тарбияи кадрҳои баландихтисос дар хориҷ

Президенти Тоҷикистон мехоҳад соҳаи сайёҳиро дар кишвар рушд диҳад ва ба ин хотир дар хориҷи кишвар кадрҳои баландихтисос омода шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дар соҳаи сайёҳӣ супориш дод, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар, дар хориҷи кишвар кадрҳои баландихтисос омода кунанд.
Ин дастурро кишвардори Тоҷикистон зимни нишасти ҳукумати кишвар ироа кард.
Нахуст дар маҷлиши ҳукумат, ҳисоботи раисони Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Кумитаи рушди маҳал дар бораи ҷараёни иҷрои амри президент аз 6 марти соли 2019 дар бораи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" солҳои 2019-2021 шунида шудааст.
Дар ин росто, таъкид шудааст, ки феълан Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати ба талаботи замони муосир мутобиқ кардани ҳолати инфрасохтор, хизматрасониҳои сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ таҳия шудааст.
Ҳамчунин ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин омода кардани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар дар назар аст.
Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони масъул супориш додааст, ки барои амалӣ кардани Нақшаи чорабиниҳо бо истифода аз тамоми имкониятҳо чораҳои мушаххас андешанд.
Ифтитоҳи хатсайри нави сайёҳӣ тавассути қатора дар Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон борҳо дар бораи тарбияи кадрҳои баландихтисос сухан гуфта инро кафолати рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон хондааст.
Ҳамин тавр, президент зиимни ироаи паёми солона ба парлумон аз кори мутахассисони дохилӣ интиқод карда, дар бораи эътиқоди мардум ба молу хизматрасониҳои хориҷӣ гуфт ва ба тарбияи мутахассисони касбӣ дар ин самт таъкид кард.
Ӯ гуфт, ҳамагирии коронавирус нишон дод, ки доштани мутахассисони касбӣ то чӣ андоза муҳим аст. Президент таъкид кард, ки аксари мансабдорон ҳатто барои табобати дарди сару дандон ба кишварҳои хориҷ мераванд.
"Махсусан хизматчиёни давлатӣ ва аъзоёни ҳукумат, сараш дард кунад медавад хориҷа. Ҷаноби олӣ ҷавоб диҳед, ки хориҷа меравам", - гуфт Раҳмон ва афзуд, ки ба табибони худ эътиқод надорем.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки барои ҳамқадами замона будан, омӯзиши илм ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад.