ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Вазъияти буҳронӣ дар Украина нишон дод, ки НАТО алайҳи Русия "ҷанг" дорад, гуфт журналист ва муаррих Анджело Д'Орси дар шабакаи телевизиони итолиёвии La7.
Ин ҳамсӯҳбат аз иқдомоти маҳдудкунандаи Ғарб алайҳи Маскав интиқод карда, онҳоро "комилан бесамар ва нодуруст" хонд.
"Мо худамон қурбонии таҳримҳо хоҳем шуд ва аллакай шудаем. Яъне мо бояд талафоти худро аз таҳримҳо ва талафоти Русияро ҳисоб ва муқоиса кунем. <…> Ҳарчанд ин як ҷанги НАТО муқобили Россия", — гуфт Д'Орси.
Профессор таъкид кард, ки вай иттифоки Атлантикаи Шимолиро блоки мудофиавӣ намешуморад.
"НАТО як созмони низомӣ аст, ки бар Паймони Атлантикаи Шимолӣ асос ёфтааст. Он ҳамчун як созмони низомии таҷовузкор рафтор мекунад ва ҳамеша чунин буд", - мегӯяд таърихшинос.
Д'Орси таъкид кард, ки блок дар рафти чангҳо дар Ироқ, Либия, Сурия ва Югославия қонуни байналхалқиро вайрон кард.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомиро барои безарарсозии Украина оғоз кард.
Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки 8 сол боз таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Ба гуфтаи вазорати дифоъ, то охири моҳи март артиши Русия вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом дод - он зарфияти ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод. Ҳадафи асосӣ дар ин ниҳод озодкунии Донбасс номида шуд.