ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Ғарб бо Русия ҷанг эълон кард ва инчунин талош дорад, ки мардуми ИҶШС-и собиқро бар зидди ҳамдигарӣ таҳрик кунад, гуфт вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар ҷаласаи Шӯрои сарони субъектҳои назди ВУХ-и Русия.
Илова бар ин Ғарб бо тафсири тамоюлоти таърихӣ дар байни мардуми Иттиҳоди Шӯравии собиқ ихтилоф андохтанӣ аст.
Ба гуфтаи ӯ, аллакай ҳеҷ кас чунин рӯҳияи душманонаро нисбат ба фарҳанги рус пинҳон намекунад.
Илова бар ин вазъи "бекор" кардани Русия ва ҳама чизҳои марбут ба он аз ҷониби Ғарб барои муддати тӯлонӣ идома хоҳад ёфт.
"Ғарб алайҳи мо, алайҳи тамоми ҷаҳони рус ҷанги куллӣ эълон кард, ҳоло касе инро пинҳон намекунад", - гуфт ӯ.
Лавров ёдовар шуд, ки интишори осори классикони рус манъ карда шудаанд: Чайковский, Достоевский, Толстой, Пушкин.
"Арбобони фарҳангу санъати миллӣ, ки имрӯз, ки фарҳанги моро муаррифӣ мекунанд, таҳти таъқиб қарор доранд", - қайд кард вазир.
Маълум мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида ва шариконаш барои боздоштани Русия талошҳои худро афзун мекунанд.
Ҳоло барои боздоштани Русия доираи васеи абзорҳо истифода мешавад - аз таҳримҳои якҷонибаи иқтисодӣ то "таблиғоти бардурӯғ дар фазои ҷаҳонии расонаӣ".
"Дар бисёре аз кишварҳои ғарбӣ русбадбинӣ ҳамарӯза характери бесобиқа пайдо кардааст, ки бо таассуфи бузурги мо дар як қатор кишварҳо аз ҷониби доираҳои ҳукуматӣ ташвиқ карда мешаванд", - хулоса кард вазири корҳои хориҷии Русия.