ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Алексей Оверчук, муовини раиси Ҳукумати Русия дар шарҳи таҳримҳои зидди ин кишвар гуфт, иқтисоди Русия суботро нишон медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, вазъ дар бозорҳои асъор ва молӣ муътадил шудааст. Ин ҳарфҳоро муовини сарвазир дар Форуми иқтисодии АвруОсиё дар Бишкек изҳор дошт.
Оверчук қайд кард, ки қурби рубл мустаҳкам шуда, пастравии куллӣ дар истеҳсолот ва афзоиши бекорӣ ба амал наомадааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин кор тадбирҳои андешидаи ҳукумат ва Бонки Русия нақши ҳалкунанда бозиданд ва кори тиҷоратро дар мамлакат осон намуданд.
Оверчук гуфт, сухан пеш аз ҳама дар бораи барномаи қарздиҳии имтиёзнок меравад, ки он барои таъмини шуғл ва мизони музди кор, инчунин азнавсозии структура ва васеъ намудани иқтисодиёт зарур аст.
"Дар воқеъ, имрӯз мо 1300 молро аз супоридани боҷ озод намудем. Ҳадди бидуни боҷро аз 200 то ба 1000 евро боло бурдем, тартиби эъломияи бехатарии маҳсулот, тартиби интиқоли молро сода кардем", - гуфт Оверчук.
Вай афзуд, вазъ дар бозори меҳнат асосан аз ҳисоби тасмимҳои системавӣ оид ба дастгирии соҳаҳои алоҳида муътадил боқӣ мондааст. Ба гуфтаи Оверчук, воқеияти навро амиқ дарк кардан ва уфуқҳои дарозмуддати банақшагириро муайян кардан лозим аст.
Муовини сарвазири Русия ҳамчунин аз зарурати таъсиси фазои мустақили пардохт ёдовар шуд. Ӯ гуфт, имрӯз доллар ва евро пули боэътимод нестанд.