Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Гурезаҳои Мариупол ба хонаҳояшон бозмегарданд

Дар қароргоҳҳои муваққатӣ, ки дар ноҳияи Геническ барои нигоҳубини паноҳандагони Украина аз Мариупол омода шудаанд, метавонанд то 70 нафар ҷо гиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Паноҳандагон аз Мариупол, ки дар пансионатҳои ноҳияи Генически вилояти Херсон ҷоё дода шудаанд, пас аз қатъи амалиёти ҷангӣ ба зодгоҳашон бармегарданд.
Дар ин бора Андрей Клочко, раиси мудирияти ҳарбию шаҳрвандии Геническ ба хабаргузории РИА "Новости" хабар додааст.
Ӯ ҳамчунин қайд карда, ба онҳое, ки то ҳол боқӣ мондаанд, ҳамаҷониба кумак расонида мешавад.
"Вақте дар Мариупол ҷанг мерафт, ҷараёни гурезагон моро низ канор нагузошт. Дар аввал теъдоди паноҳандагон зиёд буд. Пас аз анҷоми амалиёти ҷангӣ баъзеҳо баргаштанд. Мо пансионатҳоро барои ҷойгиркунии онҳо таъмин кардем. Бо кумаки Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия, мо ба онҳо бастаҳои башардӯстона додем”, - гуфт Клочко.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Пушилин гуфт, ки амалиёт дар шимоли ҶМД бояд тезонда шавад
Мақомдор қайд кард, ки барои гурезагон аз ҳисоби буҷаи шаҳр манзили бепул дода шуда, ба онҳо барои будубоши муносиб тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.
Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи мардуме номид, ки ҳашт сол боз зери генотсиди режими Киев қарор гирифтаанд”.
Ҷангиёни "Азов"* қасди ҳамла ба марзи Русияро доштанд
Тибқи иттилои Вазорати дифои Русия, то 25 март қувваҳои мусаллаҳ вазифаҳои асосии марҳилаи аввалро иҷро карданд - онҳо тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш доданд.
Ҳадафи асосиро Русия озодкунии Донбасс номид.