Дар "Азовстал" ҷангҷӯёни пинҳоншудаи украинӣ боздошт шуданд

Роҳбари ҶМД мегӯяд, ҳоло гуфтан барвақт аст, ки корхонаи "Азовстал" пурра аз ҷангҷӯён тоза шуд, зеро чанде пеш низомиёни пинҳоншудаи украинӣ дастгир шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Дар корхонаи "Азовстал"-и Мариупол сарбозони пинҳоншудаи украинӣ боқӣ мондаанд. Дар ин бора Денис Пушилин, раисҷумҳури мардумии Донетск ба РИА "Новости" хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло бо итминон гуфтан мумкин нест, ки дар қаламрави ин корхона ягон нафар аз низомиёни нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва ё ҷангҷӯёни миллатгаро боқӣ намондааст.

"Шояд онҳо ақиб монданд ва ё ҷое пинҳон шуданд. Ҳоло теъдоди зиёди ҷангҷӯёни пинҳоншуда боздошт ва ба боздоштгоҳ фиристода шуданд. Эҳтимол ҳоло ҳам дар дохили корхона ҷангҷӯёни дигар қарор дошта бошанд", - мегӯяд ӯ.

Вай тавзеҳ дод, ки онҳо тавони эҷоди хатарро надоранд, вале бо вуҷуди ин то даме ки ҳамаи гӯшаҳои ин корхона аз минакорӣ пок нашавад, гуфтан барвақт аст, ки дар "Азовстал" дигар касе боқӣ намондааст.
Пушилин фаҳмонд, ки ҳамаи ин корҳо вақти зиёд талаб мекунанд, зеро қаламрави корхона аз даҳ километри мураббаъ зиёдтар аст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Гурезаҳои Мариупол ба хонаҳояшон бозмегарданд
Ба гуфтаи ӯ, муҳим аст, ки дар баробари суръат, ба бехатарӣ таваҷҷуҳ кард, то ҷони минаҷӯён ҳангоми поксозии домҳои сершумори боқимондаи нерӯҳои украинӣ зери хатар қарор нагирад.
Вай тавзеҳ дод, ки то ҳол наметавонад санаи дақиқи поксозии ин қаламравро номбар кунад.
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврали соли равон оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.