Комиссари ИА дар бораи вобастагӣ ба гази Русия: "Мо хасис будаем"

Комиссари ИА вобастагии Иттиҳодияи Аврупо аз гази Русияро натиҷаи хасисӣ номид ва гуфт, ки барои берун шудан аз ин ҳолат тарҳҳоеро рӯйи даст доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Вобастагии қавии кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо аз интиқоли гази Русия на натиҷаи соддалавҳона, балки тамаъкорӣ буд, гуфт Маргрет Вестагер, комиссари Аврупо оид ба рақобат.
"Дар бораи содалавҳӣ гуфтан ҷойи гап нест, дар ҳақиқат, мо хасис будаем ", - гуфт вай зимни суҳбат бо рӯзноманигорони чанд нашрияи аврупоӣ, ки матни онро рӯзи чаҳоршанбе нашрияи тиҷоратии итолиёии "Il Sole 24 Ore" нашр кардааст.
"Мо аз Русия гази арзон, қувваи кории арзон аз Чин, микропросессорҳои арзон аз Тайван хостем. Фикр мекунам, ки мо бояд дарс омӯзем: амнияти таъминот қимати худро дорад, аммо он инчунин фоида дорад, яъне пешгӯӣ ва оромии рӯҳ", - гуфт Вестагер.
Ба гуфтаи комиссари аврупоӣ, буҳрони Украина ба тамоми соҳаҳои Иттиҳоди Аврупо таъсири сахт расонд.
"Аммо мо вокуниш нишон медиҳем. Гузариши рақамӣ идома дорад. Гузариши сабз суръат гирифт ва мо нақшаҳоеро таҳия кардем, ки имкон медиҳанд, аз зарбаи иқтисодӣ пешгирӣ кунем", - гуфт Вестагер.
Қаблан "The Washington Post" қайд карда буд, ки ширкатҳои кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо бояд изҳороти қаблии худро дар бораи саркашӣ аз пардохти пули гази Русия бо рубл фаромӯш кунанд ва ба талабҳои Маскав таслим шаванд.
Аврупо шарти Путинро мепазирад
Маврид ба зикр аст, ки дар пасманзари оғози амалиёти вижаи Русия барои безарарсозии Украина кишварҳои ғарбӣ ба эъмоли таҳримҳои зидди Русия шуруъ карданд. Онҳо ба соҳаи энергетика ҳам дахл карданд.
Аммо худи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо таъсири манфии таҳримҳои ҷориро эҳсос карданд. Ҳамин тариқ дар ин кишварҳо нархи сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ босуръат боло рафтан гирифт.
Аврупо имкони даст кашидани аз харидории комили нафту гази Русияро баррасӣ мекунад, аммо бархе кишварҳо, бахусус Маҷористон монеи ин кор ҳастанд.