Ҷонсон барои шабнишинӣ замони локдаун узрхоҳӣ кард, аммо истеъфо надод

Сарвазири Бритониёи Кабир масъулияти зиёфатҳо дар Даунинг-стритро, ки замони маҳдудиятҳои аммавии каронаӣ баргузор шуданд, бар дӯш гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон барои баргузории шабнишинӣ ҳангоми локдаун дар кишвар аз мардум пӯзиш хост ва масъулияти ҳодисаи дар Даунинг-стрит рухдодаро ба дӯш гирифт.
Рӯзи чаҳоршанбе дафтари нахуствазири Бритониё гузориши нав дар бораи натоиҷи аудити дохилиро нашр кард. Корманди давлатӣ Сю Грей масъули тафтишот буд. Вай хулосаи гузориши қаблии худро тасдиқ кард - баъзе чорабиниҳо дар Даунинг-стрит маҳдудиятро вайрон карданд.
"Мехоҳам бори дигар аз парлумон, аз тамоми кишвар барои вохӯрии кӯтоҳи нисфирӯзӣ дар рӯзи 19 июни соли 2020 (зодрӯзи Ҷонсон – идора.), ки барои он аллакай ҷарима пардохт кардам, бахшиш пурсам. Мехоҳам таъкид намоям, барои ҳама ҳодисаҳое, ки дар ҳузури ман рух доданд, масъулияти комилро ба дӯш мегирам”, - менависад РИА "Новости" аз қавли Борис Ҷонсон.
Рақси Борис Ҷонсон мардуми Бритониёро хашмгин кард - видео
Вай инчунин аз кормандони амният ва тамизкорӣ, ки тибқи гузориши Грей, нисбаташон бадрафторӣ шудааст, бахшиш пурсид.
Дар баробари ин Ҷонсон аз истеъфо даст кашид, чуноне ки баъзе аъзои парлумон аз ӯ талаб карданд.
"Мо дар интихоботи оянда пирӯз мешавем ва мо корро идома хоҳем дод", - гуфт сарвазир.
Ёдовар мешавем, авохири соли гузашта васоити ахбори омма гузориш доданд, ки дар қароргоҳи ҳукумат дар Даунинг-Стрит дар авҷи паҳншавии коронавирус ва маҳдудиятҳои сартосарӣ дар соли 2020 якчанд шабнишинии хусусӣ ташкил карда шуд.
Рӯзи душанбе, 23 май шабакаи телевизионии бритониёии ITV аксҳои нави Ҷонсонро аз ин чорабинӣ, ки 13 ноябри соли 2020 гирифта шуда шуда буданд, нашр кард.
Дар расмҳо сарвазир нӯшбод мегӯяд ва ҳашт нафар дар масофаи наздик аз ҳамдигар паҳлу ба паҳлу истодаанд.
Ба гуфтаи ин шабака, дар натиҷа ҳамаи ширкаткунандагони ин чорабинӣ ба ҷуз Ҷонсон, ҷарима шуданд.
Қаблан сарвазир барои шабнишиние, ки 19 июни соли 2020 баргузор шуд, ҷарима шуда буд.