ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Дарвозаҳои дафтари кории президенти Арманистон, ки аз ҷониби гуруҳҳои эътирозгарон дар шаҳри Ереван баста шудаанд, дубора боз гардиданд.
Ба гузориши Sputnik Арманистон, бинои дафтари кории президент ва Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ, ки дар муҳосираи эътирозгарон қарор доштанд, барои ҳаракати кормандону мошинҳо дубора озод карда шуданд.
Инчунин чорроҳаи марказии Ереван, ки барои ҳаракат аз сӯи муътаризон масдуд гардид, боз шудааст, аммо роҳпаймоиҳои дар кӯчаҳои марказии пойтахти Арманистон ҳамоно идома доранд.
Қаблан эътирозгарон даромадгоҳу баромадгоҳҳои бинои Вазорати умури хориҷии ин кишвар баста шуда буданд.
Иштирокдорони маъракаи итоатнопазирии шаҳрвандӣ дар Арманистон идома хоҳад ёфт, таъкид мекунанд мухолифини ҳукумати феълӣ.
Ёдовар мешавем, ки мухолифони Арманистон чанд ҳафта боз дар пойтахт бо талаби истеъфои сарвазири феълӣ Никол Пашинян тазоҳурот баргузор мекунанд.
Эътирозгарон бар ин боваранд, ки сиёсати мақомот кишварро ба аз даст додани Артсах ва хатми давлатдории Арманистон мебарад.
Мухолифин аз 25 апрел ба ин сӯ тазоҳуроти густурда баргузор мекунанд.