СҶБ дар бораи ваксина алайҳи сурхакони маймун гуфт: Зарур аст ё не

Бемории сурхакони маймун як маризии нодирест, ки одамонро низ сироят мекунад. Феълан чандин кишвари Аврупо дар гирдоби ин вируси нав афтодаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ) дар пасманзари хуруҷи бемории сурхакони маймун берун аз қитъаи Африқо ваксиназании оммавии аҳолиро зарур намешуморад.
Дар ин бора доктор Ричард Пибоди аз дафтари аврупоии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт хабар додааст.
Ҳодисаҳои гирифтории одамон ба ин беморӣ дар чанд кишвар, аз ҷумла дар Бритониёи Кабир, Шветсия, Итолиё, Фаронса, Австралия, Канада, Олмон, Нидерландия, Швейтсария ва Испания ба қайд гирифта шудаанд.
Тавре Пибоди ба оҷонсии хабарии "Рейтерс" гуфтааст, захираи ваксинаҳо ва доруҳои зиддивирусӣ дар ҳоли ҳозир нокифоя аст, аз ин рӯ барои пешгирии авҷ бояд шурути тамос ва карантин риоя карда шавад.
"Муҳимтар аз ҳама - алоқаи ҷинсии бехатар, риояи беҳдошт, мунтазам шустани дастҳост. Ҳамаи инҳо барои маҳдуд кардани паҳншавии вирус мусоидат мекунанд", - таъкид кард табиб.
Бемории сурхакони маймун як маризии нодирест, ки ба инсон низ мегузарад.
Беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбанд, аммо баъзеҳо метавонанд онро бо мушкиль паси сар кунанд.
"Роспотребнадзор" назорати марзи Русияро шадид мекунад
Аломатҳои аввалини бемории сурхакони маймун табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, сармохӯрӣ ва хастагӣ мебошанд.
СҶБ: Cурхакони маймун миёни одамон дар авҷ аст
То 21 май СҶБ 92 ҳолати бемории сурхакони маймунро дар лаборатория тасдиқ кардааст. Дар ҳамин ҳол дар паём таъкид мешавад, ки ин вирус дар кишварҳое сабти ном шудааст, ки қаблан дар он ягон мавриди сироятшавӣ ба он сабт нашуда буд.
Одамоне, ки бар зидди бемории сурхакони маймун ваксина шудаанд, аз ин вирус эмин хоҳанд буд, аммо эмкунии ҳатмӣ дар охири асри гузашта аз байн рафт.