Шойгу Украинаро ба эҷоди силоҳи ҳастаӣ муттаҳам кард

Вазири мудофиаи Русия аз таҳдиди эҷоди силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Украина хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Вазири мудофиа Русия Сергей Шойгу гуфт, таҳдиди воқеие вуҷуд дорад, ки Украина силоҳи ҳастаӣ ва мошинҳои интиқолдиҳанда эҷод мекунад.

"Хатари воқеие вуҷуд дорад, ки Украина силоҳи ҳастаӣ ва васоили интиқоли онро эҷод мекунад", - тавзеҳ дод Шойгу .

Вазири рус ин ҳарфҳоро дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи узви СПАД изҳор кард.
Қаблан Вазорати умури хориҷии Русия эълон карда буд, ки артиши рус дар ҷараёни амалиёти вижа дар Украина ният надорад, аз силоҳи ҳастаӣ истифода намояд.
"Мо борҳо маҷбур шуда будем, ки иғвоҳо дар бораи эҳтимоли истифодаи силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Русия дар амалиёти вижаи низомиро рад кунем. Ин дурӯғи маҳз аст", - гуфта буд Алексей Зайтсев намояндаи ин вазорат.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия ният надорад, дар Украина аз силоҳи ҳастаӣ истифода намояд
Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то рӯзи 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.
Ҳадафи асосӣ дар Департаменти низомии Русия озодкунии Донбасс номида мешуд.