Камтар аз 57 рубл: Коҳиши қурби доллар дар Маскав

Рубл дар биржаи Маскав устуворшавии бесобиқа дар давоми беш аз 4 соли охирро нишон дод. Таҳлилгарон далели устуворшавии пули Русияро тавзеҳ доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Қурби доллари амрикоӣ дар биржаи Маскав аз 57 рубл поинтар рафт, ки камтарин нишондод аз моҳи марти соли 2018 то ҳол мебошад.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба додаҳои савдо дар биржаи Маскав хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар пайи савдои пеш аз зуҳри 24 май қурби доллар дар сатҳи 57,06 рубл ва евро 58,9 рубл нигоҳ дошта шуд.
Таҳлилгарон мегӯянд, барои ташаккули чунин нишондодҳо омилҳои гуногун таъсир доранд. Аз ҷумла омодагии ширкатҳо барои пардохтҳои андоз, ки 25-27 май дар назар аст, талабот ба долларро коҳиш дод. Инчунин тавони қавии пардохтпазирии Русия дар ин раванд нақш дорад.
Рубл афзоиш меёбад, доллар поин меравад: қурби дақиқи асъор дар Тоҷикистон
Аз омилҳои дигар маҳдудиятҳои Бонки марказии Русия барои ҳаракати пул дар шароити таҳримҳо арзёбӣ мешавад.
Устуворшавии пули Русия дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон низ ба нишондоди он таваҷҷуҳ зиёд зоҳир карда мешавад. Садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия фаъолият мекунанд, ки бо рубли русӣ маош мегиранд.
Бонки миллии Тоҷикистон қурби рубли русиро феълан дар кишвар 0,1725 сомонӣ муқаррар кардааст. Рӯзи гузашта арзиши пули Русия пас аз рӯзҳои истироҳат якбора 6 сомонӣ - аз 166 то 172 боло рафт.
Қурби доллар ва евро дар кишвар ба поёнравӣ идома медиҳанд. Ҳамин тариқ, қурби пули амрикоӣ аз 12.1000 то ба 11.8000 сомонӣ поин рафт.