Зарари борону обхезӣ дар Душанбе: аз мактаби президентӣ то эстокадаи маҳаллаи 82

Ҳавои Тоҷикистон давоми се рӯзи ахир ноустувор буд. Дар Душанбе жолаи шадид бориду боронгариҳои сахт боиси обхезӣ шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Боронгариҳои ахир боиси баланд шудани сатҳи об дар ҷӯйборҳои Душанбе гардид, ки дар натиҷа ҷодаҳо, таҳхонаи манзилҳои истиқоматӣ, мағозаву дигар иншоотҳо пур аз селобаву лойиқа гардиданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, кормандони ин ниҳод аллакай 248 ҳавлии сокинони кӯчаи Деҳи Болоро аз обу лой тоза намуданд.
Манбаъ меафзояд, дар натиҷаи бориши зиёди борон сатҳи оби канали Чоряккорон баланд гардида, об аз канал берун шуда, дар рӯ ба рӯйи мактаби байналмилалии президентӣ ба роҳи автомобилгард ҷорӣ шуд.
Ҳамчунин дар кӯчаи Нусратулло Махсум ҷӯйборҳои бетонии шафати роҳҳои автомобилгард лабрез шуда, обҳои онҳо ба зери эстокадаи маҳалли 82 ворид гардида, ба равуои мошинҳо монеъ шуд.
Лағжиши кӯҳпора шимоли Тоҷикистонро дар инзивоъ монд
Гузашта аз ин, ҷӯйборҳо дар кӯчаҳо ба номи М.Турсунзода, Ш. Шоҳтемур, Ҳ. Назаров, Карамова, Меҳнат, Хиёбони Рудакӣ, Шевченко ва Қ. Раҳимов лабрез шуд, ки дар натиҷа роҳҳои мошингардро селоба фаро гирифт.
КҲФ мегӯяд, феълан ҳолатҳои баамаломада бартараф карда шуданд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон низ боронгариҳо шадид ва селфароӣ сурат гирифт.
Дар пайи фаромадани сел ва лағжиши кӯҳпораву сангрезиҳо рӯзи 22 май ҳаракати мошинҳо дар масири Душанбе - Чаноқ маҳдуд карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки жола ва боронҳои шадиди чанд рӯзи охир талафоти ҷонӣ дар пай надоштанд.