ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Ин гузаргоҳро ҳудуди даҳ рӯз пеш ҳукумати толибон масдуд карда буд.
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон аз қавли як масъули гумруки толибон дар Бандари Шерхон гуфт, тайи ҷаласае, ки имрӯз, 23 май, дар як бинои маъмурии гузаргоҳ бо ширкати ҳайатҳои Тоҷикистону Афғонистон баргузор шуд, ниҳоят ҷонибҳо тавофуқ ба боз кардани марз карданд.
"Дар ин ҷаласа аз ҷониби Афғонистон Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷа, тариқи онлайн, волӣ, фармондеҳи пулис ва раиси истихбороти вилояти Кундуз ҳузурӣ бо ҳайати Тоҷикистон мулоқот карданд. Мо ба хотири назокатҳои дипломатӣ наметавонем бигӯем, ки аз ҷониби Тоҷикистон киҳо дар ҷаласа ҳузур доштанд”, - гуфт манбаъ.
Гузаргоҳи марзии Панҷи Поён – Бандари Шерхон бузургтарин роҳи мувосилотӣ ва тиҷоратии миёни Тоҷикистону Афғонистон аст, ки рӯзи 13 май аз сӯи толибон масдуд шуд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибон ба расонаҳо гуфт, ки вақте Тоҷикистон ба шаҳрвандони Афғонистон виза ва иҷозаи вуруд намедиҳад, толибон ҳам рафту омад дар марзро манъ карданд ва то вақте тафоҳум миёни вазоратҳои хориҷа ба миён наояд, гузаргоҳи Шерхон Бандар баста хоҳад монд.
Масъули гумруки толибон дар Бандари Шерхон гуфт, бино ба тавофуқи ҳосилшуда, Тоҷикистон ба тоҷирону шаҳрвандони Афғонистон виза медиҳад ва онҳо метавонанд тариқи Шерхон Бандар убуру мурур кунанд.
Ҷониби Тоҷикистон то ба ҳол ин ҷаласаву натиҷаҳояшро шарҳ надодааст. Дар ҳоли ҳозир, сафорати Тоҷикистон дар Кобул ва консулгарии ин кишвар дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон фаъол нестанд.
Дар пайи баста шудани гузаргоҳи Панҷи Поён – Бандари Шерхон садҳо мошини боркаш ва амволи тиҷоратӣ аз ду сӯи марз банд монданд.
Тибқи иттилои гумруки Бандари Шерхон, Тоҷикистон аз ин роҳ ба Афғонистон сихи гул (арматура), семент, зуғол (ангишт) ва поруи минералӣ содир ва аз он кишвар меваи хушк, пунба ва сабзиҷот ворид мекунад. Ҳамчунин молҳои тиҷоратии Покистону Эрон низ аз ин роҳ ба Тоҷикистон ворид мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон, тайи 11 моҳи соли 2021 гардиши мол миёни ду кишвар 81,7 миллион долларро ташкил дод, ки дар қиёс бо соли 2020 26,1% афзоиш ёфта, беш аз 79,2 миллион доллари он содироти моли тиҷоратӣ аз Тоҷикистон аст.
Толибон моҳи августи соли 2021 дар Афғонистон ба қудрат расида буданд. Тоҷикистон аз ҳамон оғоз ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохта, то ба ҳол ҳеҷ робитаи дипломатиеро низ ба роҳ намондааст.
Бо гузашти 9 моҳ ягон кишварҳои дигари ҷаҳон низ ҳукумати толибонро ба расмият нашинохт, аммо бархе ҳам равобити дипломативу иқтисодии худро қатъ накарданд.