ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Ширкати "Сомон эйр" аз афзоиши парвозҳо дар самти Душанбе - Истанбул - Душанбе хабар дод.
"Аз 5 июн ин ширкат парвозҳоро аз Душанбе ба Истанбул дар як ҳафта се маротиба - акнун рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе оғоз мекунад", - омадааст дар хабари ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон.
Дафтари матбуотии ширкати ҳавопаймоӣ гуфтааст, ки ҳама парвозҳо бо ҳавопаймоҳои "Boeing 737-800" ва 737-900 анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз низ муайян аст. Аз Душанбе ҳавопаймо соати 06:10 мепарад ва соати 09:35 дар фурудгоҳи Истанбул фуруд меояд.
Ҳамчунин аз самти баргашт соати парвоз 10:45 ва вақти ба Душанбе расидан 17:45 муайян шудааст.
Манбаъ меафзояд, дар мавриди харидории чипта маълумотро метавон аз марказҳои тамос ва ё нуқтаҳои чиптафурӯшӣ дастрас кард.
Ширкати "Сомон эйр" ёдовар шуд, мусофироне, ки дар хатсайри Душанбе - Истанбул сафар мекунанд, бояд муҳлати эътибори шиносномаҳои хориҷияшон на камтар аз 150 рӯз бошад.
Илова бар ин аз кӯдакони шашсола боло ташхиси сиҳатӣ аз коронавирус ҳатман талаб карда мешавад. Муҳлати ин ҳуҷҷат бояд на камтар аз 72 соат бошад.