ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Вазири энергетикаи Русия Николай Шулгинов бо як сафари корӣ вориди Душанбе шуд.
Яке аз рӯйдодҳои аслӣ мулоқоти ин ӯ бо муовини сарвазири Ҳукумати Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода буд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами ҳамкории ду кишвар дар соҳаи энергетика ва эллектроэнергетикаро баррасӣ карданд.
"Шулгинов даъват кард, ки аз ширкати Русия дар Шӯрои ҳамоҳангсозии нерӯи барқи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳайси узви комилҳуқуқ ҳимоят кунанд", - гуфтанд аз сафорати Русия дар Душанбе.
Илова бар ин раҳбари ниҳоди мазкур бо вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа мулоқот анҷом додааст.
Мавзуи аслии баҳс кори корхонаи муштараки НБО "Сангтӯда-1" ва масъалаҳои кори бе мушкилот дар системаҳои энергетикии Осиёи Марказӣ буд, менависад РИА "Новости".
Қаблан маълум шуда буд, ки Бонки Ҷаҳонӣ барои таъмири нерӯгоҳи "Норак" ба Тоҷикистон грант ҷудо кардааст.
Дар Душанбе созишнома дар бораи маблағгузории марҳилаи дувуми тарҳи бозсозии нерӯгоҳ ба имзо расид. Тибқи ин санад, ҷумҳурӣ барои иҷрои кор 65 миллион доллар мегирад.
Мақсади лоиҳа аз нав барқарор намудан ва зиёд кардани иқтидори истеҳсолии 6 агрегати НБО "Норак", инчунин баланд бардоштани самаранокии он мебошад.