Малика Собирова, раққосаи шинохтаи тоҷик, ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, агар умр вафо мекард, 22 майи соли равон 80-сола мешуд. Дар солгарди мавлуди ситораи балети тоҷик, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар Тоҷикистон дар Театри опера ва белети Душанбе барномаи густурдаи фарҳангӣ баргузор гардид.
Малика Собирова 22 майи соли 1942 дар шаҳри Сталинобод ба дунё омадааст. Ӯ аз хурдӣ ошиқи балет будааст ва бо падараш зуд-зуд тамошои ин намуди ҳунар меомадааст.
Соли 1952 Коллеҷи хореографии Ленинград (Академияи балети руси ба номи А. Я. Вагановаи кунунӣ) гурӯҳи тоҷикӣ созмон дод. Собирова барои омӯзиш дар ин коллеҷ пешниҳод шудааст ва тирамоҳи ҳамон сол барои таҳсил ба Ленинград рафтааст.
Пас аз нуҳ сол Малика Собирова балеринаи театри опера ва балети тоҷик шуд ва аллакай дар мавсими аввал нақшҳои марказиро иҷро мекард.
Малика Собирова 27 феврали соли 1982 дар шаҳри Душанбе бар асари бемории саратон даргузашт.