ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Лаҳистон ва Олмон натавонистанд дар мавриди интиқоли танкҳои олмонӣ ба Украина ба созиш бирасанд, хабар медиҳад "Spiegel".
Ба навиштаи нашрия, музокирот дар мавриди табодули аслиҳа миёни ду кишвар ба як бунбаст расидааст: Варшава тақозо кард, ки танкҳояшро, ки ба Украина интиқол дода буд, бо танкҳои навтарини олмонии "Leopard" иваз кунад, аммо Берлин ин ваъдаро иҷро карда натавонист.
Дар баробари ин дар ояндаи наздик ин масъала ба гумон аст. Тавре дар Вазорати дифои Олмон қайд карданд, интиқоли зуди танкҳои "Leopard" бинобар мушкилот дар истеҳсол номумкин аст.
Қаблан рӯзномаи "Die Welt" навишта буд, ки Олмон Украинаро дар мавриди таъмини силоҳҳои зиддиҳавоии "Gepard" гумроҳ кардааст.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то рӯзи 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.
Ҳадафи асосиро мақомоти низомии Русия озодкунии Донбасс номиданд.