ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Ширкати муваззаф ба нигоҳубини роҳи мошингарди Душанбе - Чаноқ аз лағжиши кӯҳпора ва баста шудани ҳаракати мошинҳо хабар дод.
"Дар километри 153 - юми роҳи Душанбе - Чаноқ лағжиши кӯҳпора боиси маҳдуд кардидани ҳаракати тамоми намуди нақлиёт гардид", - омадааст дар хабарномаи ширкат.
Намояндагони ин ширкат ба саҳми ронандагон расондаанд, ки дар роҳи мазкур боришоти шадиди барф, селфароию сангрезӣ мушкилии зиёдро ба миён овардааст.
Қаблан ин ширкат хабар дод, ки бинобар омадани селу сангрезӣ роҳи мазкур масдуд гардид, вале баъди чанде хабар нашр намудаанд, ки дар масири мазкур ҳаракат барои нақлиёти сабукрав иҷозат дода шуд ва дар зудтарин фурсат роҳ барои мошинҳои боркаш низ кушода мешавад.
Вале, ҳоло ба далели лағжиши кӯҳпора роҳ боз барои мошинҳои сабукрав низ баста шуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ ҳушдор дода буд, ки дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд боридани борони шадид ва раъду барқ дар назар аст. Ин ниҳод боришоти жоларо низ пешгӯӣ карда буд.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки то 23 май хатари фаромадани сел, болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳое, ки аз ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор, аз ҷумла Яхсу, Қизилсу (ҷануб), Вахш, Зарафшон ва Исфара ҷорӣ мешаванд, дар назар аст.