Дар ИМА шикасти Байденро дар Украина пешгӯӣ карданд

Сиёсатмадори амрикоӣ Габбард шикасти президенти ИМА Байден дар Украинаро пешгӯӣ кард. Ӯ гуфт, амрикоиҳо ҳақ доранд, аз кумаки пулии ирсолкарда ба Украина донанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Президенти ИМА Ҷо Байден дар Украина ба далели надоштани ҳадафҳои дақиқ ноком хоҳад шуд, гуфт вакили собиқи конгресс Тулси Габбард дар телевизиони Fox News.
"Маъмурияти Байден натавонист муайян кунад, ки вазифаҳо дар ин муноқиша чӣ гунаанд. <…> Мо метавонем ба Афғонистон ва Ироқ назар кунем - як мисоли хеле тозаи он чӣ мешавад, вақте ки ягон чизи мушаххас надошта бошад", - фикр мекунад сиёсатмадор.
Ба гуфтаи вай, мардуми Амрико, ки бо афзоиши таваррум ва болоравии қимати маводи ниёзи аввалия мувоҷеҳ аст, ҳақ доранд бидонанд, ки кумак ба Киев чанд миллиард доллар арзиш дорад.
Дар пасманзари амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс, ки рӯзи 24 феврал шурӯъ шуд, ИМА ва муттаҳидони НАТО ба Украина аслиҳаро идома медиҳанд.
Дар Амрико ба ҳоли Байден хандиданд
Як рӯз пеш раиси Кохи сафед лоиҳаи қонун дар бораи тахсиси кумакҳои низомӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона ба Киев ба маблағи тақрибан 40 миллиард долларро имзо кард.
Маскав борҳо ба талошҳои Ғарб барои кашол додани низоъ тавассути интиқоли силоҳ ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина ишора кардааст. Вазорати дифои Русия ҳушдор додааст, ки анборҳои муҳимоти ҷангӣ ҳадафи қонунии нерӯҳои ҳавоӣ дар Украина хоҳанд шуд.