Толибон: Карзай ба занони дигарон озодӣ мехоҳад, балки на ба ҳамсари худ

Толибон дар вокуниш ба изҳороти раисҷумҳури пешин Афғонистон мегӯянд, Карзай ба занони дигарон озодӣ мехоҳад, аммо ҳаргиз нахост, ҳамсараш дар расона зоҳир шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари толибон ба гуфтаҳои Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури пешин дар мавриди адами итоати муҷриёни телевизион аз дастури толибон мабнӣ бар ин вазорат гуфтааст, ки суханони Карзай “қобили табсира нест”
Ба гуфтаи вазорат, Карзай ба хотири "хушнудии бегонагон" дар ҷараёни 20 сол ҳаргуна озодиро барои "хоҳарони афғон" хост, аммо то охири ҳукуматаш ба ҳамсараш иҷоза надод, бар асоси ончи мегуфт дар расонаҳо ҳозир шавад.
Муҳиб: Солеҳ дар бораи дигарҳо ба Ашраф Ғанӣ маълумоти нодуруст медод
Ахиран Ҳомид Карзай дар сӯҳбат бо CNN аз муҷриёни занони кишвар хостааст, ки ба амри пӯшидани чеҳраи худ дар ҷараёни барнома итоат накунанд.
"Занони хабарнигор набояд ба ин фармон итоат кунанд ва толибон бояд ин тасмимро лағв кунанд, ҳар касе ки онро гуфта бошад Ин ба Афғонистон ва эътибори он осеб хоҳад расонд", - гуфт оқои Карзай.
Вай ҳамчунин гуфт, пӯшидани бурқа суннати Афғонистон нест, балки суннати бархе аз кишварҳои дигар аст ва ба ҳиҷоб рабте надорад.
Ёдовар мешавем, ки бо расидани толибон ба сари қудрат вазъи занон дар Афғонистон ру ба беҳбудӣ наовардааст. Ҳоло занон иҷозаи кор кардану таҳсилро надоранд. Ин вазъ боиси нигаронии Созмонҳои байналмилалии шудааст.