Паёми ҳамдардии сафири Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати даргузашти Меҳмон Бахтӣ

Сафири Эрон дар Тоҷикистон аз марги адиби саршиноси тоҷик сахт андуҳгин шудааст. Ӯ дар паёме дар мавриди даргузашти донишманд ва шоири тоҷик таслият гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон даргузашти устод Меҳмон Бахтӣ, донишманд ва шоири соҳибноми тоҷикро таслият гуфт.
Дар паёми сафири Эрон дар Тоҷикистон омадааст, ин муҳаққиқи номошнои тоҷик даврони умри пурхайру баракаташро дар ҷиҳати эътилои забон ва адаби муштаракамон сипарӣ намуд ва осор ва ёдгорҳои арзишманди ӯ дар ҳавзаи адабиёти порсӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрон низ шинохта шуда ва мавриди таваҷҷуҳ аст.
Меҳмон Бахтӣ, узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ва барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1998) санаи 19 май дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон даргузашт.
Меҳмон Бахтӣ дар Масҷиди марказӣ ҷаноза ва дар Лучоб ба хок супорида мешавад
Меҳмон Бахтӣ дар соли 1940 дар ноҳияи Ғарм (Рашти кунунӣ) мутаваллид шудааст. Вай фориғуттаҳсили риштаи таърих ва забону адабиёти форсии тоҷикии Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе дар соли 1963 ва фориғуттаҳсили Донишкадаи адабии Горкийи Маскав дар 1975 милодӣ буд.
Қиссаҳои "Оҳи сабук", "Хубон", "Се соати даҳшатбор", китоби шеърҳои "Пайғоми баҳор", "Хаёли ширин" ва маҷмуаи намоишномаҳои "Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…", "Оҳанги хаёл" ва ...ро навиштааст.
Намоишномаҳои "Фирдавсӣ", "Шоҳ Исмоили Сомонӣ" ва "Тилисми Сайҳун" ("Нангбардори Хуҷанд") низ ҳосили заҳматҳои ӯст.