Мақомоти тоҷик гуфтанд, ба афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ чӣ монеа шудааст

Муовини директори Агентии содирот яке аз монеаи аслиеро номбар кард, ки монеи рушди содирот маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба хориҷ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Баҳодур Раҳимзода, муовини директори Агентии содирот дар суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфт, чанд монеа дар рушди содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар вуҷуд дорад.
Ба гуфтаи вай, ширкатҳое ба истеҳсол, коркард, харидуфурӯш машғуланд, сомонаҳои интернетӣ надоранд, ки харидор аз онҳо лоақал маълумоти аввалиндараҷаро гирад.

“Ҳоло, дар замони муосир ва тағйири вазъи геополитикии ҷаҳон аз ҳама роҳи беҳтар барои содироти на танҳо маҳсулоти кишоварзӣ, дар маҷмуъ тақвияти муносибатҳои тиҷоратӣ муаррифии молу маҳсулот тавассути сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аст”, - гуфт Раҳимзода.

Вай афзуд, Тоҷикистон бояд савдои рақамиро авлавият диҳад.
“Зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори соҳа имкониятҳои дар ҷумҳурӣ мавҷудбуда самаранок истифода бурда шаванд. Ҷорӣ намудани механизмҳои маблағгузории содирот ва пеш аз содирот, суғуртаи қарзҳои содиротӣ ва хавфҳо бо назардошти таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ низ, диққати ҷиддиро тақозо менамояд”, - қайд кард ӯ.
Мақомот гуфтанд, ба кадом кишварҳо маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон содир шудааст
Ҳамзамон вай илова кард, ки таъмини платформаи савдои берунаи электронӣ ба инобат гирифтани махзани маълумот дар бораи содироткунандагони ватанӣ, мусоидат ба субъектҳои соҳибкорие, ки ба фаъолияти истеҳсолӣ ва содиротӣ машғул буда, ба платформаҳои электронии пешсафи савдои байналмилалӣ дастрасӣ доранд, бо таври лизинг харидани автомашинаҳои махсус (рефрижаторҳо) барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ низ, аз манфиат холӣ нест.
Муовини директори Агентии содирот зикр кард, ки Барои зиёд намудани ҳаҷми содирот дар баробари таъмини шароити нигоҳдории маҳсулот, инчунин, ташкили марказҳои логистикиву хариду фурӯши яклухти молҳо ҷиҳати роҳ ёфтан ба бозорҳои нав зарур мебошад.