ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон аз афзиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ аз кишвар хабар дод, иттилоъ додааст сомонаи “Ҷумҳурият”.
Тибқи иттилои ин ниҳоди давлатӣ дар семоҳаи аввали соли равон аз кишвар 25,6 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 10,6 миллион доллар ба хориҷи кишвар содирот шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ки ин нишондиҳанда дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5 миллион доллар ё 3,4 маротиба зиёд мебошад.
“Аз ҷумла, нисбат ба ҳамин давраи соли рафта меваҳои хушк, сабзӣ, ангур, карам, чормағзи заминӣ, лимӯ, хурмо ва чормағз аз рӯи ҳаҷм зиёд интиқол ёфтанд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамзамон агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст, ки бо мақсади мусоидат ба афзоиши содироти тухми мурғ ва дарёфти бозори нави он 16,8 миллион дона тухм содирот гардид.
Мақомоти тоҷик хабар додааст, ки маҳсулоти кишоварзии ватанӣ, асосан, ба Қазоқистон, Россия, Беларус, Ӯзбекистон, Украина, Ироқ, Афғонистон, Туркия, Олмон, Чехия, Покистон, Лаҳистон, давлатҳои Муттаҳидаи Араб содирот гардидааст.