Муноқиша дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-и Тоҷикистон метавонад як иғвои Ғарб бошад, мегӯяд коршинос, номзади фанҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи давлатии тадқиқоти илмии Саратов ба номи Н. Чернишевский Евгений Коренев.
Ба гуфтаи вай, кишварҳои ғарбӣ метавонанд нооромиҳои ВМКБ-ро як нуқтаи иловагии ташаннуҷ барои Русия дар пасманзари амалиёти вижааш дар Украина арзёбӣ кунанд.
Онҳо бо ҳамин роҳ Маскваро аз ҳалли вазифаҳои аввалиндараҷа дур карданй шуданд.
"Дахолати ғайримустақим, интиқоди ҷиддии раҳбарияти Тоҷикистон барои баргузории амалиёти зиддитеррористӣ дар ВМКБ аз ҷониби созмонҳои ғайридавлатии ғарбӣ, нишони ин гуфтаҳост", - гуфт коршинос дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ин инчунин як кӯшиши барангехтани зиддият дар ВАО мебошад. Коренев аз таълими ҷангҷуёни Ғарб дар ҳудуди кишварҳои Шарқи Наздик ёдовар шуд.
Чунин ҳолатҳо дар Афғонистон буданд. Коршинос қайд кард, ки ин дафъа ҳам гурӯҳҳои ҷудогонаи диверсиониро тайёр кардан мумкин буд.
Коренев низоъ дар ВМКБ-ро ба нооромиҳои Қазоқистон, ки дар авоили соли 2022 сар зад, муқоиса кард. Вай диққатро ба шабоҳат доштани изҳороти ҳукуматдорони ҳар ду кишвар ҷалб намуд.
"Истифодаи ифротгароён ва дастгирӣ аз хориҷи кишвар мушоҳида шуд. Тибқи натоиҷи санҷиш, силоҳ барои гурӯҳҳо қаблан дар анборҳои манотиқи Қазоқистон омода шудааст. Дар Тоҷикистон низ ҳамин тактика метавонад истифода шуда бошад", - хулоса кард коршинос.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот тафсилоти задухӯрди мақомоти амниятӣ бо сокинони ноҳияи Рӯшонро, ки аз онҳо "гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша" ном мебарад, нашр намуд.
Тибқи изҳороти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, "гурӯҳҳои мутаашаккили ҷиноятпеша"-ро Алим Шерзамон, ҳаммаслакони ӯ Холбаш Холбашев ва Улфатхоним Мамадшоева роҳбарӣ ва сарпарастӣ мекардаанд.
Ҳамчунин гуфта шудааст, ки як гурӯҳи дигар таҳти роҳбарии Ёдгор Ғуломҳайдаров, Қулмаҳмад Палаев ва Паҳлавон Шералиев дар мавзеи Вамардара, ки аз маркази ноҳияи Рӯшон дар баландии 350-400 метр ҷойгир аст, 6 мавқеи ҷангӣ ташкил намуданд.
Манбаъ меафзояд, ки ин гурӯҳ гӯё қасд дошт, бо истифода аз гранатамёти РПГ 7В, пулемёти "Калашников", автомати Калашников ва норинҷакҳои ҷангӣ ба қатораи автомашинаҳои хидматчиёни низомӣ ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом диҳад.
Илова бар ин, тибқи маълумоти вазорат, ин гурӯҳ бояд бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, пости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иншооти маъмурии сохторҳои давлатӣ ва шоҳроҳи асосиро мавриди ҳамла қарор медод.
Вазорат дар изҳороташ таъйид намуд, ки рӯзи 18 май дар зимни ноамниҳо дар ноҳияи Рӯшон як афсар кушта ва 13 низомии дигар захмӣ шудаанд.
Дар хабари вазорат теъдоди кушташудагон аз ҷониби ғайринизомиҳо ҳамоно 8 нафар арзёбӣ мешавад, ҳарчанд дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз 21 кушташуда гузориш мешавад.
Нооромиҳо дар ВМКБ аз моҳи ноябри соли 2021, баъди куштани як сокини ноҳияи Роштқалъа зимни амалиёти боздошт оғоз шуда буданд. Сокинони маҳаллӣ бо баргузории ҳамоиш аз мақомот таҳқиқи мунсифонаи қазия ва муҷозоти омилони марги сокинони мулкиро талаб карданд.