Корхонаи "Азовстал" дар Мариупол аз дасти ҷангҷӯёни украинӣ пурра озод карда шуд.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков хабар дод.
"Ҳудуди заводи металлургии "Азовстал"-и Мариупол, ки аз 21 апрел инҷониб гурӯҳи ҷанговарони украинӣ отряди фашистии Азов* дар он ҷо баста буд, комилан озод карда шуд", - гуфт ӯ.
Вазири дифои Русия Сергей Шойгу ба президенти Русия Владимир Путин дар бораи озод кардани пурраи Мариупол аз дасти фашистони украинӣ гузориш дод.
Иншооти зеризаминии ин завод таҳти назорати нерӯҳои Русия қарор гирифт. Раёсат таъкид кард, ки аз 16 май инҷониб дар ҷараёни амалиёт тақрибан 2,5 нафар миллатгароёни "Азов"* ва нерӯҳои украинӣ, ки дар қаламрави корхона муҳосира карда шуданд, аслиҳаи худро ба замин гузошта, таслим шуданд.
Як рӯз пеш охирин гурӯҳи 531-нафараи ҷангҷӯён "Азовстал" -ро тарк карданд. Конашенков қайд кард, ки онҳо аз ҳудуди корхона бо мошини махсуси зиреҳпӯш ба сабаби нафрати сокинони Мариупол ва хоҳиши сокинони шаҳр барои ҷазо доданашон, берун карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ин завод ягона маконе буд, ки ҷониби Украина дар шаҳр нигоҳ дошт. Муҳорибаҳо барои Мариупол қариб ду моҳ давом карда, бо галабаи куввахои РФГ ва РХХ анчом ёфтанд.
Ҳамин тавр, рӯзи 21 апрел Путин Шойгуро бо озод шудани Мариупол табрик гуфт. Кишвардор дастур дод, ки аз ҳамла даст кашанд ва корхонаро банданд, то "пашшае пар назанад".
То он замон, дар "Азовстал" зиёда аз 2 ҳазор нафар боқӣ монда буданд.
*Баталони миллии Азов, ки ба ҳайати Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина шомил аст, дар Русия ифротӣ эътироф ва фаъолияташ мамнӯъ дониста шуда, алайҳи ҷангиёни он дар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.