КҲФ аз сели харобиовар дар Суғд хабар дод

Последствия схода селевого потока
Боронгариҳои шадид боиси омадани сел дар маҳаллаҳои Сайҳуну Темурмалик ва ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Дар вилояти Суғд бар асари боронгариҳои шадид дар чанд минтақа селфароӣ сурат гирифт.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи боронгариҳои пуршиддат дар қаламрави ҷамоати Додобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар маҳаллаҳои Сайҳун ва Темурмалик сел омадааст.
Гуфта мешавад, бар асари ин ҳодиса роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ қисман хароб шуда, ҳамчунин сел ба системаи обёрӣ ва таҳхонаи иншооти ёрирасон низ зарар расондааст.
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Тоҷикистон
Сел киштзорҳои шарқи Тоҷикистонро зер кардааст
Гузашта аз ин дар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ селфароӣ сурат гирифтааст.
Феълан дар ҷойи ҳодиса комиссияҳои ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия фаъолият мекунанд.
КҲФ мегӯяд, бар асари омадани сел талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.