Баҳси масоили марзӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон

Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар пайи гуфтушуниди навбатии марзӣ протоколро ба имзо расондааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Гуфтушуниди марзии чоррӯза миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бо имзои протокол анҷомид, хабар дод Вазорати умури хориҷии ҶТ.
Ба иттилои манбаъ, вохӯрии навбати гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз 16 то 20 майи соли равон дар шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон баргузор гардид.

"Зимни вохӯрӣ ҷараёни корҳои аломатгузорӣ муҳокима гардида, пешниҳодҳои муштарак оид ба хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон омода шуданд", - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудаст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашта, дар поёни нишаст протоколи дахлдор ба имзо расид. Интизор меравад, ки вохӯрии навбатӣ дар Тоҷикистон баргузор гардад.
Қаблан Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон гуфта буд, ки аз 1326 километр марз бо Ӯзбекистон аллакай 1319 километраш пурра муайян шудааст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тошиев аломатгузории марзи Қирғизистону Тоҷикистонро баррасӣ кард: ӯ чӣ гуфт?
Ба гуфтаи вай, хатти марзӣ, ки номуайян боқӣ мондааст, асосан дар қисматҳоест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад.
Маврид ба зикр аст, ки баъд аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёв дар Ӯзбекистон ва сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 равобит миёни ду кишвар беҳбуд ёфта, дар масъалаи аломатгузории марз низ пешрафтҳое ҳосил шудаанд. Аз ҷумла бинобар асоси созиши ду кишвари ҳамсоя аз обанбори “Фарҳод” барои як муддати тӯлонӣ якҷоя истифода мекунанд.
Хоҷазода дар мавриди обанбори "Фарҳод" изҳор дошта буд, ки байни ду давлат шартнома вуҷуд дорад ва ягон баҳс дар миён нест.