Оби дар "Баҳри тоҷик" захирашударо ба Ӯзбекистону Қазоқистон интиқол медиҳанд

Ин тадбир тиқби созишномаи сеҷониба сурат гирифта, барои интиқоли об Ӯзбекистону Қазоқистон ба вилояти Суғди Тоҷикистон кумаки фаннӣ-техникӣ мерасонанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 май – Sputnik. Оби дар обанбори “Баҳри тоҷик” захирашударо ба киштзорҳои Ӯзбекистону Қазоқистон интиқол медиҳанд. Интиқоли об тавассути Сирдарё сурат мегирад.
Масъулони идораи об дар Суғд мегӯянд, интиқоли об ба кишварҳои поёноб тибқи созишномаи тарафайн асту ин тадбири пешгирикунанда аз хушкшавӣ ва талафёбии киштзорҳо дар Ӯзбекистону Қазоқистон гуфта мешавад.
Аминҷон Абдуллозода, сардори идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд рӯзи 20 май дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ҳоло дарёи Сир аз ҳисоби обанбори “Баҳри тоҷик” пур шуда ва наздик ба 85%-и об ба ҷониби кишварҳои ҳамсоя ҷорӣ мешавад.

"Аз ҳисоби захираи оби соли гузашта ҳар рӯз 720 куб обро аз “Баҳри тоҷик” ба Сирдарё партофта истодаанд. Аз ин ҳисоб 15–20%-и оби дарё дар истифодаи мо қарор дошта, боқимондааш ба тарафи Ӯзбекистону Қазоқистон интиқол меёбад", – гуфт Абдуллозода.

Бино ба гуфти масъули идораи об, ин тадбир тиқби созишномаи сеҷониба сурат гирифта барои интиқоли об Ӯзбекистону Қазоқистон ба вилояти Суғди Тоҷикистон кумаки фаннӣ-техникӣ, аз ҷумла муҳаррикҳои обкашӣ, техникаҳои поккунии каналу заҳбурҳо ва маводи сӯхт, аз қабили дизел (солярка) ва равғанҳои молиданӣ медиҳанд.
Соли гузашта барои интиқоли об дар давраи моҳҳои июн, июл ва август Ӯзбекистон чандин дастгоҳҳои обкашанда ва ҷониби Қазоқистон 120 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 35 тонна рӯғанҳои молиданӣ дода буд.
Барои наҷот аз хушкӣ: Тоҷикистон ба Қазоқистон аз "Баҳри тоҷик" об медиҳад
Захиракунии об дар обанбори НБО “Қайроққум” (Баҳри тоҷик) дар поёни тирамоҳи соли гузашта шуруъ шуда ва то поёни соли 2021 ҳаҷми об ба беш аз 3 милиард куб расонида шуд.
Нисфи оби захирашуда барои тавлиди нерӯи барқ ва нисфи дигараш барои обёрии киштзорҳои Суғд, аз ҷумла шаҳру навоҳии Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва давлатҳои поёноб, Ӯзбекистону Қазоқистон пешбинӣ шудааст.
Бино ба иттилои расмӣ, НБО-и “Қайроққум” аз шаш агрегат иборат буда, имкони тавлиди 126 мегаВатт нерӯи барқ дар як шабонарӯзро дорад.
"Баҳри тоҷик"-ро барои обхезии эҳтимолӣ омода кардаанд
Ҳоло корҳои таъмир ва таҷдиди ин нерӯгоҳ ҷараён дорад ва қарор аст, то соли оянда тавоноии ҳамаи агрегатҳои он то ба 174 мегаВатт қувваи барқ дар шабонарӯз баробар шавад.
Бино ба иттилои масъулини идораи тақсимот ва интиқоли барқ, ҳоло ҳаҷми нерӯи барқи мавриди истифодаи муштариён дар вилояти Суғд ба беш аз 18 миллион кВт-соат дар як шабонарӯз баробар будааст.
Барқи ин нерӯгоҳ ба шабакаи ягонаи барқрасонии кишвар пайваст буда, ба шуморе аз шаҳру ноҳияҳои Суғд интиқол дода мешавад.