Тоҷикистон ба фуруд омадани ҳавопаймо аз Русия иҷозат надод: сабаб

Ҳавопаймои "Уралские авиалинии", ки аз Русия самти Тоҷикистон парвоз медошт, дар фазои вилояти Пенза аз роҳаш гашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Тоҷикистон иҷоза надодааст, ки ҳавопаймо аз Маскав дар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб нишинад, хабар медиҳад Flightradar24.
Манбаъ меафзояд, ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии" аллакай аз Маскав самти Тоҷикистон парвозро оғоз кард, вале дар макони таъйинот қабули он рад шуд.
Гуфта мешавад, ҳавопаймои Airbus A321 ба таври фаврӣ шаби 18 ба 19 май дар осмони вилояти Пенза аз роҳаш баргашт. Пас аз як соати парвоз ҳавопаймо маҷбур шуд ба фурудгоҳи Домодедово баргардад.
Дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" то ҳол ин маълумотро шарҳ надодааст.
Аммо ба навиштаи Telegram - канали "Авиаторшина", ҳавопаймо дар осмони Русия ба далели иҷозати вуруд бақаламрави Тоҷикистон надоштан, аз роҳ баргардонда шуд.
"Уралские авиалинии" парвозҳо ба чор кишварро лағв кард: Тоҷикистон дар рӯйхат аст?
Ҳамзамон гуфта мешавад, ки қаблан ин ҳавопаймо миёни русия ва Тоҷикистон озод ҳаракат мекард. Парвози қаблӣ аз 17 то 18 май бомуваффақият анҷом дода шуд.
Бояд гуфт, ки қаблан маълум шуд, ки ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" интиқоли ҳавопаймои худро ба феҳристи Русия анҷом додааст. Пас аз он ки Комиссияи Аврупо дар моҳи апрел 20 ширкати ҳавопаймоии Русия, аз ҷумла ин ҳавопайморо ба рӯйхати сиёҳ ворид кард.
Ин тасмим бо зикри он гирифта шудааст, ки шӯроҳои ширкат ба "стандартҳои байналмилалии бехатарӣ" ҷавобгӯ нестанд.
Ҳамчунин маълум аст, ки ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" то 29 октябр парвозҳо ба Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Ӯзбекистонро қатъ кардааст.