ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Дар Душанбе созишнома дар бораи маблағгузории марҳилаи дувуми тарҳи бозсозии нерӯгоҳи "Норак" ба имзо расид.
Ҳуҷҷати мазкурро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва ҳамоҳангсози доимии Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) дар ҷумҳурӣ Озан Суйим имзо карданд.
Бар асоси ин протокол, Анҷумани байналмилалии рушд, ки бахше аз гурӯҳи БҶ аст, барои марҳилаи дувуми тарҳи бозсозии нерӯгоҳи "Норак" 65 миллион доллар маболиғи грантӣ медиҳад.
Қаблан коршиносони БҶ қайд карда буданд, ки ин ба беҳбуди эътимоднокии таъмини нерӯи барқ ва тавсеаи содироти нерӯи барқи "сабз" аз Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи лоиҳа барқарор ва афзун намудани иқтидори истеҳсолии 6 агрегати нерӯгоҳи барқи обии "Норак" ва баланд бардоштани самаранокии онҳо мебошад.
Бояд гуфт, марҳалаи аввали барқарорсозии НБО "Норак" моҳи марти соли 2019 оғоз шуда буд.
Дар маҷмуъ, то имрӯз барои маблағгузории марҳилаи якуми лоиҳа 326,9 миллион доллари амрикоӣ ҷалб гардидааст, ки аз он 169,1 млн доллар – қарз ва 57,8 млн доллар гранти Бонки Ҷаҳонӣ, 60 миллион доллар қарзи Бонки Осиёии Сармоягзориҳои Инфрасохторӣ ва 40 миллион доллар қарзи Бонки Авруосиёии Рушд мебошад.
Марҳилаи дуюми лоиҳа таҷдиди 6 агрегати боқимонда ва таъмири асосии қисмҳои обгузари гидротурбинаҳо, иваз намудани трансформаторҳои баландкунандаи шиддат, иваз намудани дастгоҳи тақсимкунандаи 6 кВ дар толори мошинҳо ва механизмҳои борбардор бо тавоноии 360 тонна ва дигар таҷҳизоти зарурии ёрирасонро дар бар мегирад.
Дар назар аст, ки лоиҳа 5 сол давом кунад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки иҷрои тарҳи таҷдиди нерӯгоҳи "Норак" иқтидори тавлиди ин нерӯгоҳро аз 3 то 3,3 ҳазор МВт афзоиш медиҳад.
Ҳамин тариқ пас аз таҷдиди пурраи НБО иқтидори он 10 фоиз зиёд мешавад, ки ин дар навбати худ беҳбуди таъмини нерӯи барқро дар моҳҳои сарди зимистон таъмин намуда, аз тавсеаи содироти нерӯи барқ дар тобистон даромад ба даст меорад.
Ёдовар мешавем, ки чархаи якуми НБО "Норак" 15 ноябри соли 1972 ба кор даромадааст.