ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Вакили Думаи шаҳри Маскав Евгений Ступин бо истинод ба посухи Вазорати дифои Русия ба дархости ӯ гуфт, ҳарфҳои Z ва V рамзҳои расмии низомӣ нестанд.
"Ҳарфҳои Z ва V рамзҳои (нишонаҳои) расмии ҳарбӣ нестанд ва маънои махсус надоранд! Дар ин бора Вазорати дифои Русия дар посух ба дархости ман хабар медиҳад. Умедворам, ин посух ба касе кумак мекунад, ки ҳангоми изҳори муносибати худ ба ҳарфҳои алифбои хориҷӣ аз таъқиби беасос канорагирӣ кунад. Ман эътироз надорам, ки посухи Вазорати дифои Русия дар ҳама гуна парвандаҳои судӣ истифода шавад", — навиштааст вакил дар "Telegram".
Тавре дар посухи Вазорати дифоъ, ки аз ҷониби ин вакил интишор шудааст, таъкид шудааст, "ин нишонаҳо рамзҳои (нишони) расмии ҳарбӣ нестанд ва маънои махсус надоранд".
Дар баробари ин ин нишонаҳо аз ҷониби хидматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Русия, ҷумҳуриҳои Донетск, Луҳанск ва бисёре аз дигарон қобили эътироф ва ба таври мусбат қабул карда мешаванд, гуфта мешавад дар посухи Вазортаи дифои Русия.