Решетников: Таҳримҳо алайҳи Русия иқтисоди ҷаҳониро хароб мекунад

Вазири иқтисоди Русия дар яке аз суханронии ахири худ гуфтааст, ки таҳримҳои Ғарб алайҳи кишвараш низоми иқтисоди ҷаҳониро хароб мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Максим Решетников, вазири рушди иқтисоди Русия ахиран дар нишасте гуфт, таҳримҳо алайҳи Русия воқеан иқтисод ва тиҷорати ҷаҳониро хароб карда, боиси бад шудани сатҳи зиндагии мардум дар аксари кишварҳои ҷаҳон хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи роҳбари Вазорати рушди иқтисоди Русия, тайи солҳои охир иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба як қатор мушкилот рӯ ба рӯ шудааст.
“Бар асари пандемияи коронавирус механизмҳо ва роҳҳои таъминот, ки тайи солҳо сохтаву рушд ёфта буданд, вайрон шуданд. Илова бар ин мушкилоти ғизоиву энергетикӣ низ зиёд шуданд, ҳамчунин хавфи тавварум дар иқтиисодиётҳои бузургтарин мавҷуд аст. Вазъият бо фишорҳои бесобиқаи таҳримӣ алайҳи Русия боз ҳам печидатар шудааст”, - қайд кард вазири рус.
Путин: Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизм ҳам дар набард ва ҳам дар иқтисод пирӯз шуд - видео
Вай афзуд, дар ибтидо маҳдудиятҳо ба бесуботӣ ва заиф кардани иқтисоди Русия нигаронида шуда буданд, аммо дар асл онҳо ба тамоми иқтисодиёт ва савдои ҷаҳонӣ таъсир расониданд.
“Ин иқдоми Ғарб боиси болоравии нархи молу маҳсулот, бад шудани сатҳи зиндагии мардум дар аксари кишварҳои ҷаҳон ва болоравии тавварум шудааст”, — гуфт Решетников.
Дар ҳамин ҳол вазири рус қайд кард, ки кишвараш муддати тӯлонӣ зери таҳримҳо зиндагӣ мекунад ва ба ин шароит мутобиқ шудааст.
Ҳамин тавр, ҳоло ба гуфтаи ӯ, иқтисоди Русия устувории худро нишон додааст.
"Вазъият дар бозорҳои асъор ва молӣ муътадил шудааст, коҳиши якбораи истеҳсолот ва афзоиши бекорӣ мушоҳида нашуд, сатҳи таваррум коҳиш ёфт. Дар пайи таваррум меъёри асосӣ низ коҳиш ёфт, қарздиҳӣ, аз ҷумла тавассути барномаҳои давлатӣ барқарор мешавад, ки ба қарзгирии шахсони алоҳидаву соҳибкорон кумак мекунанд ва қурби пули миллиро пурзӯр хоҳад кард”, — гуфт Решетников.
Вай инчунин афзуд, ки Русия захираи лозимаро барои табдили минбаъдаи иқтисод ва рушди он ташаккул додааст.