ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Дар Душанбе 80-солагии ситораи балети тоҷик Малика Собирова, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС ва Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ таҷлил мешавад.
Барои ширкат дар барномаи фарҳангӣ устодони ҳунар аз кишварҳои хориҷ низ омадаанд, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Ҳамин тавр дар назди тамошобинони тоҷик ҳунармандони балет аз Русия, Ӯзбекистон, Ҷопон ва Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунанд.
Барномаи фарҳангӣ таҳти унвони "Малика: дирӯз, имрӯз ва ҳамеша" рӯзҳои 21-22 май, соати 18.00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ баргузор мешавад.
Балеринаи нотакрори тоҷик Малика Собирова 22 майи соли 1942 дар шаҳри Сталинобод ба дунё омадааст. Ӯ аз хурдӣ ошиқи балет будааст ва бо падараш зуд-зуд тамошои ин намуди ҳунар меомадааст.
Соли 1952 Коллеҷи хореографии Ленинград (Академияи балети руси ба номи А. Я. Вагановаи кунунӣ) гурӯҳи тоҷикӣ созмон дод. Собирова барои омӯзиш дар ин коллеҷ пешниҳод шудааст ва тирамоҳи ҳамон сол барои таҳсил ба Ленинград рафтааст.
Пас аз нуҳ сол Малика Собирова балеринаи театри опера ва балети тоҷик шуд ва аллакай дар мавсими аввал нақшҳои марказиро иҷро мекард.
Номи Собирова дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ то рафт машҳур мешуд ва дар соли 1964 балерина дар Маскав бо ҳунарманди номии балет - Галина Уланова ҳамкорӣ мекунад.
Балеринаи тоҷик ба аксари кишварҳои ҷаҳон, Бритониё, Ирландия, Ҷопон, Эрон, Миср, Урупо, Куба, Австралия ва Амрикои Лотинӣ сафарҳои ҳунарӣ доштааст.
Бо ҳамсараш, солисти балети ҶШС Тоҷикистон Музаффар Бурҳонов ӯ беҳтарин саҳнаҳои худро иҷро кардааст.