Чангу ғубору борон ва раъду барқ: пешгӯии обуҳаво дар Тоҷикистон

Сокинони шарқу ҷануби Тоҷикистон шоҳиди боришот ва чангу ғубор хоҳанд шуд. Шимолиёнро бошад, раъду барқу борон интизор аст, аммо пойтахт офтобӣ хоҳад буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва раъду барқ ба амал меояд, хабар дод Ожонси ҳавошиносии кишвар.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат шуда, дар шарқи вилоят ҳавои асосан бебориш дар назар аст.
Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида чангу ғубор ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 21+26, дар шарқи вилоят шабона 3+2 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд.
Сокинони Тоҷикистонро гармии шадид интизор аст: пешгӯии дамои ҳаво
Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22, рӯзона 26+31 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Хатлониёнро низ ҳавои тағйирёбанда мунтазир буда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд.
Дар водиҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 7+12 дараҷа ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе боришот дар назар нест. Ҳаво шабона 14+16 дараҷа ва рӯзона 29+31 дараҷа гарм мешавад.